Кумаки Ҷонибек Муродов ба Қадами Қурбон дар сабти нахустин клипи касбӣ

Овозхони маъруфи тоҷик Ҷонибек Муродов дар нахустин сабти клипи касбӣ таҳти унвони “Азизам” ба сароянда Қадами Қурбон кумак кард. Клип санаи 25 март дар шабакаи YouTube гузошта шуда, аллакай беш аз 300 ҳазор нафар тамошобинонро ҷамъ овардааст. Сарояндаи тоҷик Қадами Қурбон дар як муддати кӯтоҳ ба ситорае табдил ёфт, ки наворҳои сурудхонии ӯро дар шабакаи […]

Овозхони маъруфи тоҷик Ҷонибек Муродов дар нахустин сабти клипи касбӣ таҳти унвони “Азизам” ба сароянда Қадами Қурбон кумак кард. Клип санаи 25 март дар шабакаи YouTube гузошта шуда, аллакай беш аз 300 ҳазор нафар тамошобинонро ҷамъ овардааст.

Сарояндаи тоҷик Қадами Қурбон дар як муддати кӯтоҳ ба ситорае табдил ёфт, ки наворҳои сурудхонии ӯро дар шабакаи YouTube беш аз 3 миллион нафар тамошо карданд. Акнун ӯро барои таблиғоти хеш ширкатҳои бузург ва машҳур даъват менамоянд ва ӯ дар хориҷи кишвар барномаи консертӣ дода, албоми нахустини сурудҳояшро омода карда истодааст.

Дар асл тақдири ин сароянда басо ҷолиб ва таваҷҷуҳбарангез аст: Қадами Қурбон, муаллими мусиқии деҳа, дар деҳаи худ, ҷануби кишвар зиндагӣ дошт. Дар тӯйҳои мардум сурудхонӣ карда, зиндагиашро пеш мебурд. Мардуми минтақа ӯро хеле зиёд дӯст медоштанд. Баъдан наворҳои сурудхонии ӯ ба шабакаи интернет роҳ ёфт ва миллионҳо тамошобин пайдо кард. Ба ӯ рӯзноманигорон таваҷҷуҳ зоҳир карда, мусоҳиба анҷом доданд ва аз ин пас ҳаёти ӯ тағйир ёфт.

Имрӯз ӯ ягона сарояндаи тоҷик аст, ки наворҳои сурудхонии ӯро дар шабакаи YouTube беш аз 3 миллион маротиба тамошо кардаанд. Аммо худи Қадами Қурбон ба шуҳрат таваҷҷуҳ надорад, дар бораи чанд миллион тамошобин доштани наворҳояш ҳам фикр намекунад. Ӯ то ҳол аз телефони оддӣ истифода менамояд.

Маълумотнома аз “Азия-Плюс”:

Қадами Қурбон 1 феврали соли 1974 дар деҳаи Чагам, ҷамоати деҳоти Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳини минтақаи Кӯлоб, дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Падараш Гулмаҳмад Қурбонов, омӯзгори фанни химия ва биология буд. Модараш қаҳрамонмодар аст. Дар мактаби № 11, ба номи Алишер Навоӣ (ҳоло МТМУ № 33) таҳсил кардааст. Солҳои 1993 – 1995 дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ хизмати ҳарбиро адо кардааст.

Онҳо 10 бародарону хоҳарон буда, Қадами Қурбон фарзанди 8 – уми оила мебошад. Қадами Қурбон оиладор буда, соҳиби 6 фарзанд: чор писару ду духтар аст. Духтари калониашро ба шавҳар дода, писараш Қаноат, ки ҳамроҳаш сурудхонӣ мекунад, оиладор ва донишҷӯи Донишкадаи санъат аст. Фарзандони дигараш ҳоло дар мактаб таҳсил мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.