Дар Шӯрои фармондеҳони нерӯҳои марзбонии ИДМ вазъ бо Афғонистон баррасӣ мешавад

Фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои фармондеҳони Қушӯнҳои сарҳадии кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзи 28 март дар шаҳри Тошканд доир мегардад, ба пойтахти Ӯзбекистон сафар мекунад. Дар кори ҷаласаи мазкур баррасии вазъ дар сарҳадҳои давлатҳои узви Иттиҳод дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва тамоилҳои ҷараёни ояндаи он дар […]

Фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои фармондеҳони Қушӯнҳои сарҳадии кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзи 28 март дар шаҳри Тошканд доир мегардад, ба пойтахти Ӯзбекистон сафар мекунад.

Дар кори ҷаласаи мазкур баррасии вазъ дар сарҳадҳои давлатҳои узви Иттиҳод дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва тамоилҳои ҷараёни ояндаи он дар назар аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон.

Фармондеҳони Қушӯнҳои сарҳадии кишварҳо баррасии Барномаи ҳамкории давлатҳои узви Иттиҳодро дар самти таҳкими амният дар сарҳадҳо барои давраи солҳои 2021-2025, тартиби омодагӣ ва баргузории амалиётҳои махсуси муштараки марбут ба посбонии сарҳад дар ин давра ва лоиҳаи Нақшаи кори Шӯроро дар соли 2020 дар нақша доранд.

Иштирокчиёни машварат ба ташкили кори омодагӣ ва баргузор намудани Эстафета дар сарҳадҳои кишварҳои узви ИДМ ба муносибати 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанаии солҳои 1941-1945 таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳанд кард.

Дар ҷараёни саафар ба Тошканд дидору гуфтушунидҳои дуҷониба Р.Раҳмоналӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла зимни мулоқот бо раҳбарияти нерӯҳои марзбонии Ӯзбекистон масъалаи густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳо байни нерӯҳои сарҳадбонии ҳарду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.