Эмомалӣ Раҳмонро дар Суғд интизоранд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон охири ҳафтаи равон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф меорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилояти Суғд. Санаи дақиқи оғози сафари Сарвари давлат ба минтақаи шимоли Тоҷикистон алҳол муайян карда мешавад: президентро дар Хуҷанд рӯзи 29 ё 30 март мунтазиранд. Зимни сафар ба вилояти Суғд Эмомалӣ […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон охири ҳафтаи равон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф меорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилояти Суғд.

Санаи дақиқи оғози сафари Сарвари давлат ба минтақаи шимоли Тоҷикистон алҳол муайян карда мешавад: президентро дар Хуҷанд рӯзи 29 ё 30 март мунтазиранд.

Зимни сафар ба вилояти Суғд Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақаи шимоли кишвар аз наздик шинос шуда, бо аҳолии як қатор шаҳру ноҳияҳо вохӯриҳо баргузор мекунад, ҳамчунин дар маросимҳои мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нави таъиноту гуногун иштирок ва ба амалисозии чанде аз лоиҳаҳо ҳусни оғоз мебахшад.

Дар ҷараёни сафар ба масъалаи рафти омодагирии вилояти Суғд ба истиқболи шоёни ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи нақшаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолият мавриди баҳрабардорӣ қарор додани беш аз 6,5 ҳазор иншооти нав дар вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст, ки 300-тои онро иншооти саноатӣ ташкил хоҳад дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.