Сиёҳкунии шишаҳои мошинҳо дар Тоҷикистон хеле гарон мешавад

Мувофиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, аз 1 апрел хоҳишмандони сиёҳкунии шишаҳои автомашинаҳои истеҳсоли то соли 2005 – 3 ҳазору 575 сомонӣ (наздики 350 доллар) маблағ пардохт мекунанд. То 1 апрел иҷозаи сиёҳкунии шишаҳо барои ин автомашинаҳо 2 ҳазору 750 сомонӣ (270 доллар) нарх дошт, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон. Соҳибони […]

Мувофиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, аз 1 апрел хоҳишмандони сиёҳкунии шишаҳои автомашинаҳои истеҳсоли то соли 2005 – 3 ҳазору 575 сомонӣ (наздики 350 доллар) маблағ пардохт мекунанд. То 1 апрел иҷозаи сиёҳкунии шишаҳо барои ин автомашинаҳо 2 ҳазору 750 сомонӣ (270 доллар) нарх дошт, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон.

Соҳибони автомобилҳои истеҳсоли соли 2005 ва баъди он барои дастрас намудани иҷозатномаи сиёҳкунии шишаҳо 4 ҳазору 730 сомонӣ (ҳудуди 500 доллар) маблағ пардохт мекунанд. Қаблан ронандагони ин гуна автомашинаҳо барои анҷоми ин кор 3 ҳазору 410 сомонӣ (360 доллар) маблағ пардохт мекарданд.

Мувофиқи тартиботи муқарраршудаи қонунгузорӣ, ронандагон баъди гирифтани иҷозатнома ба сиёҳкунии шишаҳои қафо ва паҳлӯҳои мошин ҳууқуқ доранд. Аммо шишаи пеши автомашина бояд шаффоф буда, танҳо ба сиёҳкунии 20 сантиметри болои он иҷозат дода мешавад.

Барои шахсоне, ки автомобилро бо шишаҳои сиёҳ ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид кардаанд, барои гирифтани иҷозатнома ё ивази шишаҳои сиёҳ ба муқаррарӣ 10 рӯз муҳлат дода мешавад.

Дар қарори нави ҳукумат, ки аз 1 апрел мавриди амал қарор мегирад, сиёҳкунии шишаҳои такси ва автомашинаҳои машғул ба мусофиркашонӣ манъ шудааст.

Аз соли 2000 то 2009-ум сиёҳкунии шишаҳои автомашинаҳо дар Тоҷикистон манъ буд. Бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи воситаҳои пулии бадастовардашуда аз додани иҷозатнома барои сиёҳкунии шишаҳои автомобил ба суратҳисоби сохтмони нерӯгоҳи Роғун гузаронида мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.