Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон тӯли 2 моҳи аввали соли равон қариб 20% афзуд.

Дар ин давра дар ҷумҳурӣ ба маблағи ҳудуди 710 млн. сомонӣ маҳсулоти хӯрокворӣ истеҳсол шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,8% ва ё 117,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нав.

Дар Вазорат қайд кардаанд, ки тайи солҳои охир талаботи кишвар бо аксари навъҳои маҳсулоти озуқаворӣ аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ таъмин мешавад.

Аз ҷумла, дар маълумот таъкид мешавад, ки солҳои охир бозори дохилӣ бо маҳсулоти  гӯштию ширӣ, консерваи меваю сабзавот, орд, макарон, нон ва маҳсулоти нонӣ, намаки ошию техникӣ, нӯшокиҳои  спиртию  ғайриспиртӣ  пурра таъмин гардида, як қисми маҳсулоти истеҳсолгардида ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорат, соли гузашта дар кишвар 15 корхона ва коргоҳҳои нави истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Боз якчанд корхонаҳои нави саноати хӯрокворӣ имсол ба истифода дода шудаанд, аз ҷумла:

– ҶДММ «Истеҳсоли маҳсулоти ширии «Ватан»-и шаҳри Душанбе бо иқтидори коркарди 9 ҳаз.тн шир, 60 ҷойҳои кории нав ва сармояи  35 млн. сомонӣ;

– Корхонаи истеҳсолии ҶДММ   “Ганҷ” ноҳияи Кӯшониён бо иқтидори истеҳсоли 12 ҳаз.тн равғани растанӣ, 40 ҷойҳои кории нав ва сармояи 42 млн. сомонӣ;

– ҶДММ “Авицена”-и ш. Ҳисор бо иқтидори коркарди 9 ҳаз.тн,  80 ҷойҳои кории нав ва сармояи   10 млн. сомонӣ;

– ҶДММ “Сиёма”-и ш.Душанбе бо иқтидори истеҳсолии 15 млн. литр оби нӯшокӣ   ва   1190 ҳазор  литр машрубот, 50 ҷойҳои кории нав ва  сармояи   94 млн. сомонӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...