Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон тӯли 2 моҳи аввали соли равон қариб 20% афзуд. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ ба маблағи ҳудуди 710 млн. сомонӣ маҳсулоти хӯрокворӣ истеҳсол шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,8% ва ё 117,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нав. Дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон тӯли 2 моҳи аввали соли равон қариб 20% афзуд.

Дар ин давра дар ҷумҳурӣ ба маблағи ҳудуди 710 млн. сомонӣ маҳсулоти хӯрокворӣ истеҳсол шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,8% ва ё 117,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нав.

Дар Вазорат қайд кардаанд, ки тайи солҳои охир талаботи кишвар бо аксари навъҳои маҳсулоти озуқаворӣ аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ таъмин мешавад.

Аз ҷумла, дар маълумот таъкид мешавад, ки солҳои охир бозори дохилӣ бо маҳсулоти  гӯштию ширӣ, консерваи меваю сабзавот, орд, макарон, нон ва маҳсулоти нонӣ, намаки ошию техникӣ, нӯшокиҳои  спиртию  ғайриспиртӣ  пурра таъмин гардида, як қисми маҳсулоти истеҳсолгардида ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорат, соли гузашта дар кишвар 15 корхона ва коргоҳҳои нави истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Боз якчанд корхонаҳои нави саноати хӯрокворӣ имсол ба истифода дода шудаанд, аз ҷумла:

– ҶДММ «Истеҳсоли маҳсулоти ширии «Ватан»-и шаҳри Душанбе бо иқтидори коркарди 9 ҳаз.тн шир, 60 ҷойҳои кории нав ва сармояи  35 млн. сомонӣ;

– Корхонаи истеҳсолии ҶДММ   “Ганҷ” ноҳияи Кӯшониён бо иқтидори истеҳсоли 12 ҳаз.тн равғани растанӣ, 40 ҷойҳои кории нав ва сармояи 42 млн. сомонӣ;

– ҶДММ “Авицена”-и ш. Ҳисор бо иқтидори коркарди 9 ҳаз.тн,  80 ҷойҳои кории нав ва сармояи   10 млн. сомонӣ;

– ҶДММ “Сиёма”-и ш.Душанбе бо иқтидори истеҳсолии 15 млн. литр оби нӯшокӣ   ва   1190 ҳазор  литр машрубот, 50 ҷойҳои кории нав ва  сармояи   94 млн. сомонӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.