Интизорӣ ва воқеият: анҷоми маҷлиси ҳукумат ва бетағйир боқӣ мондани масъалаи Интернет

Asia-Plus

Маҷлиси имрӯзаи ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба итмом расида, хадамоти матбуоти сарвари давлат танҳо дар бораи масъалаҳои баррасишуда дар он мухтасар маълумот медиҳад.

Интизориҳои эҳтимоли қабули ниҳоӣ дар бораи болоравии арзиши интернети мобилӣ маҳз дар ин ҷаласа, ҳамин тавр интизорӣ боқӣ монданд.

Ба сурати умум ба миён гузоштан ва баррасии масъалаи арзиши интернети мобилӣ дар ҷаласаи мазкур номаълум аст.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷаласа якчанд лоиҳаҳои қонунҳо баррасӣ ва ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳо дар бораи фаъолияташон шунида шуданд.

Нахуст “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020” ҳисоботи Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Дар бораи лоиҳаи конунҳои Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019” ва “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” гузориши вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.

Ҳамчунин оид ба лоиҳаи қонуни ҶТ “Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов” гузориши вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, Оид ба лоиҳаи конуни ҶТ “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда” гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода ва дар бораи Барномаи рушди саноати сабук дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2022 гузориши вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода шунида шуд.

Гуфта мешавад, дар кори маҷлис ҳамчунин лоиҳаи қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ” ва лоиҳаи қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба қонуни Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” баррасӣ карда шуд.

Лоиҳаҳои қонунҳои муҳокимашуда ва хулосаи ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи пешниҳоди хулосаи ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи қонуни ҶТ “Дар бораи чарогоҳ” барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ирсол карда шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...