“Навои Наврӯз” дар шаҳри Париж танинандоз гардид

Asia-Plus

Бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса ва дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти фарҳангии тоҷикони муқими Фаронса “Равзана” рӯзи 26 март дар шаҳри Париж бо иштироки ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон – Абдувалӣ Абдурашидов, танбурнавози шинохтаи Тоҷикистон, директори Академияи “Шашмақом”-и Тоҷикистон ва Озодахон Ашӯрова, мақомсаройи маъруфи Тоҷикистон ба муносибати иди байналмилалии Наврӯз зери унвони “Навои Наврӯз”шоми фарҳангӣ, баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазрати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳои Фаронса, ҳайати дипломатии кишвари иқомат, гурӯҳҳои тиҷоратӣ, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин тоҷикони муқими Фаронса ва дӯстони Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, дар расми ифтитоҳи шоми фарҳангӣ Сафири Тоҷикистон дар Фаронса  Ҷамолиддин Убайдулло бо сухани шодбошӣ аҳли толорро бо фарорасии ҷашни фархундапайи Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, бо ёдрасӣ аз таърих, мазмуну моҳият ва арзишҳои муқаддаси ин ҷашни ниёгон ба меҳмонони маҳфил шоми фораму гуворо таманно намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар фазои идона аҳли толор ва ҳаводорони фарҳангу санъати волои тоҷик имкон доштанд, ки аз навои дилчаспи суруду таронаҳо ва рақси миллӣ бо як дунё нишоту фараҳ баҳра гиранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...