Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли панир аз шири қутос дар Мурғоб

Дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳи коргоҳи коркарди шири қутос ба нақша гирифта шудааст. Тавре дар дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти ВМКБ дар ин робита қайд карданд, таҷҳизот барои коргоҳ аллакай харидориву ба коргоҳ расонида шуда, оянда наздик васлу насби он оғоз мегардад. Бино ба иттилои манбаъ, ба истеҳсоли панир аз шири қутос […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳи коргоҳи коркарди шири қутос ба нақша гирифта шудааст.

Тавре дар дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти ВМКБ дар ин робита қайд карданд, таҷҳизот барои коргоҳ аллакай харидориву ба коргоҳ расонида шуда, оянда наздик васлу насби он оғоз мегардад.

Бино ба иттилои манбаъ, ба истеҳсоли панир аз шири қутос ва дигар маҳсулоти ширӣ дар ин коргоҳ корхонаи “Шири кӯҳистон” машғул хоҳад шуд.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, ба санаи 1 январи соли 2019 саршумори қутосҳо дар ВМКБ беш аз 20 ҳазор сарро ташкил дода, 19 ҳазор сари он дар ноҳияи Мурғоб нигоҳубин мешавад. Иқлими Мурғоб барои нигаҳдории қутосҳо бештар мусоид мебошад.

Қутос ширу гӯшти парҳезӣ ва пашм дода, нигоҳубини алоҳидаро талаб наменамояд. Бахусус шири он серсафеда ва равған аст, ки аз шири модагов 2 баробар зиёд мебошад. Панир аз шири қутос барои дар ҳолати хубу солим нигоҳ доштани дандонҳо муфид буда, ба мубориза бо як қатор бемориҳо, аз ҷумла саратон кумак мекунад.

Қобили зикр аст, ки ба афзоиши саршумори қутосҳо дар Тоҷикистон Барномаи соли 2009 қабулшудаи рушди қутоспарварӣ мусоидат намуд. То ин давра саршумори қутосҳо қариб се баробар афзуд. Ҳамон сол ҳукумат барои рушди ин соҳаи чорводорӣ наздики 4 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кард.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, ҳамасола дар Тоҷикистон беш аз 200 тонна панир истеҳсол мешавад, ки асосан аз шири гов аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.