ВКД ва КДАМ Тоҷикистон беҳтарин кормандони оперативиро муайян карданд

Asia-Plus

Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ генерал-полковник Саймумин Ятимов ба ғолибони озмуни «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» байни кормандони ин ниҳодҳо туҳфа ва мукофотпулиҳо тақдим карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ин озмун 20 нафар кормандони самти фаъолияти оперативӣ аз ВКД ва КДАМ иштирок намудаанд.

Гуфта мешавад,  ба ғолибони ҷойи аввал – корманди қатории КДАМ Наргис Раҷабова ва капитани милитсия Авазҷон Саидов ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ  ва ғолибони ҷойи дуюм – корманди КДАМ прапоршик Беҳрӯз Воситов ва корманди ВКД капитани милитсия Анушервон Зоидзода ба маблағи  4 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим шуд.

Гуфта мешавад, ба соҳибони мақоми сеюм прапоршик Умаралии Файзалӣ аз КДАМ ва лейтенанти калони милитсия Довуд Сиҷоев аз ВКД 3 ҳазор сомонигӣ тақдим гардида, ҳамчунин, ба ду нафар парапоршик Турабой Давлатзода аз КДАМ ва лейтенанти милитсия Юсуф Шерализода нишони сарисинагии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон «Корманди беҳтарини оперативӣ» супорида шуданд.

Дигар иштирокчиёни фаъол барои хизматҳои софдилона, содиқона зоҳир намудани дониши баланди назариявӣ-амалӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ, саҳми арзанда дар баргузории чорабинӣ, инчунин ишғол намудани ҷойҳои намоён дар озмуни самти «Фаъолияти оперативӣ ҷустуҷӯӣ» бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳо сарфароз гардиданд.

Рамазон Раҳимзода зимни суханрониаш таъкид дошт, ки яке аз самтҳои хизматии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба ҳисоб рафта, аз ин рӯ, гузаронидани чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани малакаи касбӣ ва ҳамкорӣ дар ҷодаи иҷрои вазифаҳои бадӯшдоштаи ҳамаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ мусоидат менамояд.

Раиси КДАМ Саймумин Ятимов иброз дошт, ки натиҷаи ин сабқат, пеш аз ҳама, мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ миёни ҳамдигар баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ободии кишвар мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...