«Digital Marketing Day»-и Tcell ва Тайрон барои маркетологҳои тоҷик

Бо ибтикори ширкати Tcell ва оҷонсии таблиғотии Тайрон дар пойтахти Тоҷикистон «Digital Marketing Day» сурат пазируфт. Мураббиёни ин анҷуман коршиносон дар бахши бозорёбӣ ва диҷитолу тарғибот аз Русия – Роман Пивоваров ва Денис Баталин буданд. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ширкати Tcell – тавсеаи муҳити рақамӣ (диҷитол) ва татбиқи он дар шабакаи ҷаҳонӣ барои муаррифии […]

Иттилоияи расмӣ

Бо ибтикори ширкати Tcell ва оҷонсии таблиғотии Тайрон дар пойтахти Тоҷикистон «Digital Marketing Day» сурат пазируфт. Мураббиёни ин анҷуман коршиносон дар бахши бозорёбӣ ва диҷитолу тарғибот аз Русия – Роман Пивоваров ва Денис Баталин буданд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ширкати Tcell – тавсеаи муҳити рақамӣ (диҷитол) ва татбиқи он дар шабакаи ҷаҳонӣ барои муаррифии гуногунии муҳтавои Тоҷикистон мебошад. Фазо ё худ муҳити Digital дар дунё ҳар як сония рушд мекунад, тағйир меёбад ва бо ин васила барои корбарони рақамӣ (диҷитол) истифодаи навгониҳоро осонтару роҳаттар месозад. Бо тавсеаи муҳити диҷитол Тсеll дар ҳоли анҷоми вазифаи худ аст: татбиқи роҳкору роҳбурдҳои технологиву коммуникатсионӣ дар кишвар, пайвастани Тоҷикистон бо шабакаи ҷаҳонӣ, дастгирии рушди фанновариҳои ҷадид, ки боис ба даст ёфтан ба рушди технологӣ хоҳанд шуд. 

Tcell  ҳамоиши «Digital Marketing Day»-ро дастгирӣ карда, барои иштирокчиён шароит фароҳам овард, ки аз мураббиёни варзидаву шинохтаи Русия дар бахши бозорёбӣ (маркетинг) ва тарғиб дарс гиранд.

Зарурат ва муҳимияти «Digital Marketing Day» дар он аст, ки дар шароити кунунӣ фазои тиҷорат ва шеваи пешбурди бозори молу маҳсулот зуду босуръат иваз мешавад. Имрӯз бештари муштариён ба сурати мустақим (онлайн) маълумоти заруриро пайгирӣ мекунанд ва шарикони ҳамкори худро ба ин тарз пайдо кардан мехоҳанд. Ва агар ба ин роҳ онҳо маълумоти заруриро дастрас нанамоянд, ба суолҳои худ ҷавоб нагиранд, роҳи дигар, яъне ширкатҳои рақибро интихоб мекунанд, ки барояшон шароиту маълумоти даркориро таъмин менамоянд.

Рӯзи бозорёбии рақамӣ (диҷитол-маркетинг) беш аз 300 иштирокчӣ, шурӯъ аз роҳбарону бунёнгузорони ширкатҳои бузург то кормандони идорӣ, менеҷерҳо, маркетологҳо ва ҷавонони навроҳро, ки дар ин ҷода қадамҳои аввалинро мегузоранд, гирди ҳам овард. Онҳо бо тарзу усул, шева ва равиши фаъолияти муассир дар бахши реклама, диҷитолу бозорёбӣ, тарғибот ва роҳкорҳои навин ошно шуданд.  

Роман Пивоваров ва Денис Баталин, мураббиёни «Digital Marketing Day» – сухангӯёни маъруф аз ширкати ADCONSULT аз шаҳри Маскав буданд. Дар ҳамоиши омехта коршиносони рус иштирокчиёнро бо навгониҳо ва роҳкорҳои навин дар муҳити digital-технология шинос карданд, ки онҳо минбаъд ин дониши худро дар Тоҷикистон татбиқ хоҳанд кард.    

Tcell иштирокчиёни ҳамоиш ва коршиносонро бо иртиботи боэътимоду интернети босифат таъмин намуда, барои баргузории анҷуман кӯмак расонд. Қисми бештари форум ба кори амалии иштирокчиён бо интернет бахшида шуда буд, ки зимни он иштирокчиён бо намунаҳои мушаххаси фаъолият дар фазои диҷитол ошноӣ пайдо карданд.

Tcell ҳамчун ширкати инноватсионӣ дар фаъолияти худ фанноварию технологияҳои ҷадидро ворид сохта, мунтазам чорабиниҳоеро, ки марбут ба беҳсозии муҳити технологияи рақамӣ ва тавсеаи он мебошанд, баргузор ва дастгирӣ менамояд.  

___________________

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил.

AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио