Дар Душанбе имконоти ишораи макони истеҳсоли молҳоро омӯхтанд

Иттилоияи расмӣ

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон  рӯзҳои 10-11 апрел конфронси минтақавӣ оид ба масъалаи ишора кардани макони ҷуғрофии молҳои дар Осиёи Марказӣ истеҳсолшавандаро доир намудааст. Дар ин мавзӯъ ингуна конфронси минтақавӣ бо иштироки ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бори аввал гузаронида мешавад.

Ҳадафи конфронс амалан нишон додани роҳҳои таҳияи тартиби ишораи макони ҷуғрофии молҳои дар Осиёи Марказӣ истеҳсолшаванда бо мақсади мусоидат ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ, тиҷорат ва содирот мебошад.

Бисёре аз маҳсулоти Осиёи Марказӣ дорои хосиятҳои аҷиб ва баландсифат ҳастанд, ки айни ҳол ба таври кофӣ реклама ва фурӯхта намешаванд. Аз ин лиҳоз, ишораи макони ҷуғрофии истеҳсоли молҳо яке аз фишангҳои муфиди маркетингӣ ва омили муҳими иқтисодӣ барои истеҳсолкунандагони маҳалие, ки мехоҳанд маҳсулоти худро дар бозори ҷаҳонӣ фурӯшанд, дониста мешавад.

Аз таҷрибаи дигар кишварҳо маълум мегардад, ки агар тартиби ишораи макони ҷуғрофии истеҳсоли молҳо ба роҳ дуруст монда шавад, он метавонад ҷойҳои нави кориро ташкил карда, донишҳои анъанавиро нигоҳ дошта, огоҳии мардумро дар бораи зарурияти ҳифз намудани муҳити зист баланд бардошта, ба пешбурди рушди деҳот, сайёҳӣ мусоидат намуда, нақшаи муҳимеро дар ҳавасмандсозии иқтисодии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ бозӣ кунад.

Дар конфронс намояндагони баландпоя аз "Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ" дар бораи ҳимояи байналмилалии консепсияи ишораи макони ҷуғрофии истеҳсоли молҳо нақл карданд. Як чорабинии алоҳидаи конфронс танҳо ба ишораи макони ҷуғрофии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз водии Фарғона, ки дар ҳудуди Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҷойгир аст, бахшида шудааст.

Истеҳсоли меваву сабзавот дар водии Фарғона аз ҷиҳати иҷтимоиву иқтисодӣ аҳамияти ниҳоят калон дорад, зеро барои ин кор ҷалб кардани захираҳои зиёди меҳнатии маҳаллӣ лозим аст. Ишораи макони ҷуғрофии истеҳсоли молҳо метавонад талаботро ба маҳсулоти ин минтақа зиёд карда, на танҳо ҷойҳои нави корӣ ва даромади бештарро таъмин кунад, балки ба рушди ин минтақа ва "бренди минтақавӣ" мусоидат намояд.

Ғайр аз ин, рӯзи дуюми конфронс ба соҳаи ҳунармандӣ бахшида шуда буд. Маҳсулоти нассоҷӣ, аз қабили қолинҳо ва сӯзанӣ, аз сабаби доштани сифати хуб ва робитаи хос ба мероси фарҳангии ин минтақа барои дохил кардан ба феҳристи молҳое, ки макони ҷуғрофии истеҳсоли онҳо ишора шудааст, пешниҳод гардиданд.

Дар охири конфронс як чорабинӣ ба пешрафти намунаҳои либосу матоъҳои миллӣ аз Осиёи Марказӣ ва роҳҳои пешкаши онҳо ба бозори мӯди байналмилалӣ бахшида шуда буд. Дар ин самт, таҷрибаи беназири созмони "Зази Винтаҷ" ва лоиҳаи "Ташаббус баҳри рушди мӯди халқӣ" ба иштирокчиён пешниҳод гардида нишон дод, ки читавр метавон брендинги самарабахшро бо муваффақият бо даромади бештару устувор ва усулҳои истеҳсолӣ бо истифода аз маводҳои органикӣ якҷоя кард.

Дар конфронс истеҳсолкунандагони маҳаллӣ аз ҳамаи соҳаҳо имкон доштанд, ки маҳсулоти худро ба шарикони аврупоӣ нишон диҳанд. Ин конфронс фурсати Тоҷикистонро дар раванди бастани шартномаи эҳтимолии оид ба "Низоми умумишудаи имтиёзҳои тиҷоратии Иттиҳоди Аврупо (НУИ +)" зиёд намуда, ба тавсеаи имконоти содироти маҳсулотҳои баландсифати кишвар ба бозори Иттиҳоди Аврупо мусоидат кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...