Ях об мешавад? Душанбе ва Теҳрон муовинони вазирро сафир таъйин карданд

10 апрел бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали вазири корҳои хориҷии кишвар Низомиддин Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон дар Эрон таъйин гардид. Зоҳидӣ дар ин маснад Неъматулло Усмонзодаро иваз намуд, ки ҳанӯз моҳи феврал аз вазифа озод шуда буд. Оғози моҳи марти ҳамин сол Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, […]

Asia-Plus

10 апрел бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали вазири корҳои хориҷии кишвар Низомиддин Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон дар Эрон таъйин гардид.

Зоҳидӣ дар ин маснад Неъматулло Усмонзодаро иваз намуд, ки ҳанӯз моҳи феврал аз вазифа озод шуда буд.

Оғози моҳи марти ҳамин сол Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, ки аз соли 2014 дар ин мақом ифои вазифа менамуд, аз мақом озод гардида буд. Ӯро дар ин маснад Муҳаммадтақӣ Собирӣ, ки қаблан дар вазифаи муовини умури идорӣ ва молии Вазорати корҳои хориҷии Эрон фаъолият дошт, иваз намуд.

Таъйини дипломатҳои воломақом ба маснади сафирӣ дар Душанбе ва Теҳрон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷонибҳо барои беҳбуди муносибатҳо ҷиддан иқдом кардаанд, мегӯяд Қосими Бекмуҳаммад, коршинос оид ба масоили Афғонистон ва Эрон.

Ӯ дар суҳбат ба “Азия – Плюс” гуфт, ки сафир таъйин кардани дипломатҳои пуртаҷриба аз он гувоҳӣ медиҳад, ки миёни роҳбарони сиёсии ду кишвар ҳусни тафоҳум ба миён омадааст.

“Дар муносибатҳои ду кишвар дар самти иқтисодиёт, савдо, маблағгузорӣ, фарҳанг захираву имкониятҳои истифоданашудаи зиёд мавҷуд аст ва беҳ гардидани муносибатҳо имконияти амалӣ намудани онҳоро бештар менамояд”,- иброз намуд коршинос.

Гузашта аз ин, дар шароите, ки алайҳи Эрон таҳримҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва сиёсӣ ҷорӣ гардидааст, Теҳрон ба муттаҳидон дар ҳар минтақаи ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ бештар ниёз дорад.

Ин коршинос бовар дорад, ки беҳ шудани муносибатҳои Душанбеву Теҳрон алоқаи Эронро бо давлатҳои пасошӯравии минтақа тақвият мебахшад.

Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси дигари тоҷик ба нақши фард дар муносибатҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ карда, зикр намуд, ки Низомиддин Зоҳидӣ дипломати соҳибтаҷриба ва шахси донишманд аст. Ӯ мегӯяд, сафири нави Тоҷикистон дар Эрон вазъи кишварҳои Ховари Миёнаро омӯхтаву хуб дарк мекунад. Аз ин сабаб, ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба муносибатҳои дуҷониба метавонад нақши муаасир дошта бошад.

– Айни замон муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон марҳилаи душвор ва ҳассосро паси сар мекунанд. Таъйини дипломатҳои пуртаҷриба ва баландмақом ҳамчун сафир аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳам Тоҷикистон ва ҳам Эрон хостори беҳбуд бахшидан ба муносибатҳои дуҷониба ҳастанд,- мегӯяд Ғанӣ Абдулло.

Рашид Ғанӣ Абдулло аҳамияти хос доштани муносибати ҳасана барои ҳар ду кишварро зикр карда, таъкид менамояд, ки сардии муносибат ба манфиати Тоҷикистону Эрон нест. Ба андешаи ин коршинос, Тоҷикистон ва Эрон забону фарҳанг ва робитаҳои таърихии муштарак дошта, сардие, ки дар муносибатҳои ду давлат мушоҳида мешавад, муваққатӣ аст.

– Сарфи назар аз таҳримҳои сиёсиву иқтисодӣ, Эрон иқтидори бузурги иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва сармоягузорӣ дорад. Мо бояд аз ин зарфиятҳо истифода барем. Ҳамчунин, Эрон ҳам аз муносибати хуби Тоҷикистон бо кишварҳои Халиҷи Форс ҷиҳати беҳ кардани муносибаташ бо ин кишварҳо истифода намояд,- иброз дошт коршинос.

Муносибати Тоҷикистону Эрон

Дар муносибати тоҷикон ва эрониён мушкил набояд бошад: ҳар ду ҷониб манфиатдори ҳамкорианд, мегӯянд коршиносон.

Моҳи феврали соли равон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ зикр карда буд, ки ҷониби Тоҷикистон барои беҳбуд бахшидан ба муносибатҳои дуҷониба бо Эрон талош мекунад.

– Эрон аввалин давлате буд, ки соли 1991 истиқлолияти Тоҷикистонро расман эътироф кард ва соли 1992 сафорати худро дар Душанбе боз кард. Касе наметавонад робитаи таърихиву фарҳангии ин ду давлатро инкор намояд. Муносибатҳои кишварҳои мо то воқеаҳои 4 сентябри соли 2015 (исёни генерал Абдуҳалим Назарзода. – аз нашрия) хеле хуб буд, – зикр карда буд вазир.

Эрон аввалин давлате буд, ки 8 январи соли 1992 намояндагии дипломатии худро дар Тоҷикистон боз намуд. Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон моҳи июли соли 1995 ифтитоҳ гардид. Эрон дар Тоҷикистон ду лоиҳаи бузург – “Нақби Истиқлол” дар гарданаи ағбаи Анзоб ва Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2”-ро маблағгузорӣ намуд.

То чанд соли пеш Эрон яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Соли 2013 гардиши мол байни ду кишвар 292,3 млн долларро ташкил намуда буд. Аз ҷумла Тоҷикистон ба Эрон ба миқдори 115,6 млн доллар мол содирот карда буд.

Тоҷирони ҳар ду кишвар робитаҳои зичро ба роҳ монда буданд ва дар кишварҳои ҳамдигар тиҷорат мекарданд. Ҳамкориҳои фарҳангӣ низ байни ду кишвар дар сатҳи хеле боло қарор дошт. Дар Тоҷикистон Кумитаи имдоди Ҳумайнӣ амал мекард, ки ба сокинони Тоҷикистон кӯмак менамуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.