Ҳикматуллозода: татбиқи лоиҳаи “Як камарбанд, як роҳ” барои Тоҷикистон хеле муҳим аст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қаламрави Тоҷикистони муосир аз замонҳои қадим яке аз марказҳои муҳими иқтисодӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ ва Роҳи бузурги Абрешим маҳсуб меёбад, гуфтааст дар мусоҳиба ба нашрияи «Жэньминь жибао»-и Чин вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода.

“Бо мавқеи ҷуғрофӣ дар гузариши роҳҳои маъруфи тиҷоратии Шарқу Ғарб, дар савдои байнулмилалӣ ва рушди муносибатҳои чандинасра байни кишварҳои Авруосиё Тоҷикистон нақши муҳим дошт”, – қайд кардааст вазир.

Бинобар ин, ба гуфтаи ӯ, иқдоми эҳёи Роҳи Абрешим ба Тоҷикистон хеле наздик аст. Ӯ таъкид доштааст, ки тасодуфӣ нест, ки Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда ташаббуси роҳбари Чин “Як камарбанд, як роҳ”-ро дастгирӣ намуд.

“Мо ба ташабуси Чин баҳои баланд дода, бар ин назарем, ки барои Тоҷикистон, ки ба баҳр роҳи баромад надошта, дорои захираҳои бузурги табиӣ аст, амалисозии ин лоиҳаи бузург хеле муҳим мебошад”, – иброз доштааст ӯ.

Сармоягузори бузургтарин

Ҳикматуллозода зикр кардааст, ки тайи солҳои охир ҳамкории Тоҷикистону Чин дар бахши сармоягузорӣ босуръат дар ҳоли рушд қарор дошта, имрӯз Чин сармоягузори бузургтарин ба иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад.

“Танҳо дар соҳаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон, таъмиру бунёди роҳу пул ва нақбҳо дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 70 корхонаҳои муштарк бо Чин фаъолият доранд”, – қайд кардааст ӯ.

Бино ба гуфтаи вазир, аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои мустақими хориҷии андӯхташудаи Тоҷикистон 35%-аш ба Чин рост меояд.

“Садҳо миллион доллари ширкатҳои Чин ба рушди саноати кӯҳкорӣ, энергетика, нақлиёт, саноати дӯзандагӣ ва бофандагӣ, истеҳсоли семент, бахши кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо сармоягузорӣ шудааст”, – таъкид доштааст ӯ.

Ҳикматуллозода қайд кардааст, ки танҳо давоми ду соли охир амалисозии 10 лоиҳаи муштарак, аз ҷумла сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, навбати аввали маҷмааи ресандагӣ ва бофандагӣ (текстил)-и “Чунтай”, корхонаи металлургӣ, корхонаи истеҳсоли сементи “Хуаксин Ғаюр-Суғд Семент”, роҳи оҳани “Ваҳдат – Ёвон”, корхонаҳои истеҳсоли алюминии фторит ва криолит, таъмиру навсозии хати баландшиддати барқи 500кВ дар ноҳияҳои тобеи марказ ва ғайра ба анҷом расидааст.

“Айни замон ҷонибҳо ҳамроҳ татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳимро идома медиҳанд, аз ҷумла лоиҳаи бузурги сармоягузории Чин дар Тоҷикистон – лӯлаи гази “Осёи Марказӣ – Чин (хати Д.). Масофаи шохаи чоруми лӯлаи газ тариқи қаламрави Тоҷикистон 400 километрро ташкил медиҳад. Ҳамчунин амалисозии лоиҳаҳои сохтмони навбати дуюми маҷмааи ресандагӣ ва бофандагии “Чунтай”, минақаи саноатӣ дар соҳаи кӯҳкорӣ, бахши кишоварзӣ ва дигар лоиҳаҳо идома доранд”, – гуфтааст вазир.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.