Баррасии нақши ВАО дар рушди сулҳ ва демократия дар Душанбе

Дар Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод, 3 май, дар Душанбе дар конфронси байналмилалии “Ёрии расонаҳо барои рушди пойдори сулҳ ва демократия”  130  рӯзноманигор ва коршиносони расонаии Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Афғонистон гирди ҳам меоянд. Ҳамоиш бо ибтикори Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузор мешавад. Ба сифати меҳмон дар конфрос намояндаҳои […]

Иттилоияи расмӣ

Дар Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод, 3 май, дар Душанбе дар конфронси байналмилалии “Ёрии расонаҳо барои рушди пойдори сулҳ ва демократия”  130  рӯзноманигор ва коршиносони расонаии Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Афғонистон гирди ҳам меоянд.

Ҳамоиш бо ибтикори Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузор мешавад. Ба сифати меҳмон дар конфрос намояндаҳои воломақоми Ҳукумат ва Парлумони Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ даъват шудаанд. Дар доираи конфрос бахшҳои гуногуне перомуни баррасии мушкилоти расонаҳо дар даврони рақамишавӣ ва ҳамчунин тақвияти асосҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқии фаъолияти расонаҳо ҳамчун омили таъминкунандаи озодӣ ва истиқлоли онҳо сурат мегирад. Ҳамчунин интизор меравад, ки намояндаҳои кишварҳои минтақа  дар баррасиҳои марбут ба фанновариҳо ва равандҳои нав, таъсири онҳо ба озодии баён ва рушди арзишҳои демкоратӣ ширкат варзанд.

Ба асоси натиҷаҳои кофронс  тавсияҳо коркард ва барои баррасӣ ба ниҳодҳои давлатӣ ва доираҳои густардаи ҷомеаи журналистӣ пешниҳод мешаванд.

Дар доираи конфронси “Ёрии расонаҳо барои рушди пойдори сулҳ ва демкоратия” барандаи ҷоизаи “Эътимод”-и Шӯрои ВАО-и ҶТ эълон карда мешаванд.  Ҳамчунин ҷоизаи вижа ба довталаби “Мавриди таваҷҷуҳи аудитория” низ дода мешавад.

Ҳамчунин ҷоизаи ифтихории “Эътимод” ба тоҷикони кишварҳои Қазоқистон, Узбакистон ва Афғонистон барои муаррифии шоиста аз Тоҷикистон ва фарҳангу тамаддуни тоҷик  тақдим карда мешавад.

Тамоми раванди конфронс ба таври зинда аз  тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук ва Ютуб нашр карда мешавад.

Забони кори конфронс – тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ мебошад.

Конфронс бо пуштибонии молии САҲА, Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад – Тоҷикистон, Сафоратхонаҳои ИМА, Бритониёи Кабир, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Оҷонсии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JIСA) дар Тоҷикистон,  намояндагии  созмони байналмилаии Internews Network баргузор мешавад.

Ҳадафи асосии баргузор кардани ҳамоиши мазкур  рушди гуногунандешӣ ва озодии баён дар дунё мебошад. Ҳамасола Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод  таҳти шиорҳои гуногун бо ҳузури густардаи доираҳои рӯзноманигорӣ дар қолаби конфронсу семинор ва дарсҳои боз таҷлил карда мешавад.

Маълумот

Бори аввал ҳамоиш бахшида ба озодии баён 3 майи соли 1991 дар пойтахти Намибиё – шаҳри Виндҳук баргузор шуд. Декабри соли 1993 Қатъномаи СММ 3 Майро расман Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод эълон кард. Асоси ин қарори 26-уми ҷаласаи Генералии конфронси ЮНЕСКО аз соли 1991 бо номи “Пуштибонӣ ва таъмини озодии матбуот дар дунё” гардид. Дар Тоҷикистон он аз соли 2001 ба ин сӯ таҷлил карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.