Буҷети лоиҳаҳои таъмиру бунёди роҳҳо дар Тоҷикистон беш аз 575 млн. долларро ташкил медиҳад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Айни замон дар Тоҷикистон 10 лоиҳа оид ба сохтмон ва таъмиру навсозии зербинои роҳҳои автомобилгард мавриди амалишавӣ қарор дорад.

Маблағи умумии лоиҳаҳои зикршуда беш аз 575 млн. долларро ташкил медиҳад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Лоиҳаҳо аз ҳисоби қарзҳои ҷалбшуда (наздики 60% аз маблағи умумӣ), грантҳо (беш аз 30%) ва ҳамчунин ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон (наздики 10%) татбиқ шуда истодаанд. Аз оғози амалисозии лоиҳаҳо аз ҷониби ширкатҳои паймонкор зиёда аз 200 млн. доллар аз ин маблағ азхуд шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, айни замон корҳои таъмиру навсозии роҳҳои Душанбе – Турсунзода – марзи Ӯзбекистон (қитъаи роҳ аз муҷассамаи Сино то дарвозаҳои ғарбии Душанбе), Душанбе – Бохтар (марҳилаи аввал), Восеъ – Ховалинг, Кангурт – Балҷувон – Ховалинг, Хуҷанд – Исфара ва Конибодом – Патар ҷараён дорад.

Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб (қитъаи Кӯлоб – Ш.Шоҳин, Шкев – Қалъаи Хумб), ҳамчунин сохтмони пулу нақбҳо дар роҳи мошингарди Душанбе – Бохтар – Кӯлоб, айвончаҳои зиддитармавӣ дар роҳи Душанбе – Чанок идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.