Сабти 70 ҳолати таъхири парвоз дар фурудгоҳи Душанбе тӯли 3 моҳ

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе 70 ҳодисаи ба таъхир гузошташавии парвозҳо ба қайд гирифта шудааст.

Сабаби асосии ин дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз – 43 ҳолат  аст, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе.

Ғайр аз ин, сабаби таъхири парвоз ба дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо ва ғайра) ба амал омадааст.

Гуфта мешавад, дар ин давра фурудгоҳ ба 334,2 ҳазор нафар мусофирон хизматрасонӣ кардааст. Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 449 тоннаро ташкил додааст.

Айни замон аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе 12 ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвозҳо анҷом медиҳанд, ки 4-тои онҳо ширкатҳи давлатҳои хориҷи дур (Туркия, АМА, Чин, Эрон), 7 ширкати кишварҳои ИДМ ва ширкати миллӣ – “Сомон Эйр” мебошанд.

Аз фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон ба 13 шаҳрҳои ҷаҳон (Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Олмон, Чин, Афғонистон, Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Амороти Муттаҳидаи Араб) парвозҳо анҷом дода мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.