Иштироки наздики 2 ҳазор нафар ҳарбиён дар гузашти низомии Душанбе

Гузашти низомӣ ба муносибати ҷашни 74-умин солгарди Ғалаба дар Чанги Бузурги Ватанӣ санаи 9-уми май дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе доир мегардад. Дар маросими гузашти низомӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад. Гурӯҳи собиқадорони ҷангу меҳнат меҳмонони гиромиву муътабари чорабинӣ хоҳанд шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ. Пеш аз оғози […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Гузашти низомӣ ба муносибати ҷашни 74-умин солгарди Ғалаба дар Чанги Бузурги Ватанӣ санаи 9-уми май дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе доир мегардад.

Дар маросими гузашти низомӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад. Гурӯҳи собиқадорони ҷангу меҳнат меҳмонони гиромиву муътабари чорабинӣ хоҳанд шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.

Пеш аз оғози сафороӣ маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи Гулхани абадӣ баргузор шуда, ҳозирин хотираи қурбониёни ҷангро бо хомӯшии якдақиқаина пос медоранд.

Дар гузашти низомӣ дар шаҳри Душанбе наздики 2 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии гарнизони Душанбе ва ҳамчунин сарбозону афсарони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) аз аҳолии он замон 1,5 млн. нафараи Тоҷикистон 270 ҳазор нафар ба ҷабҳа рафта, беш аз 100 ҳазор тан дигарбора ба ватан барнагаштанд. Аз ин шумор 55 ҳазор нафар бо ордену медалҳо ва 54 нафар тоҷикистониёни иштирокчии ҷанг, аз ҷумла баъди марг ба унвони олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гардиданд.

Сафи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон сол то сол кам мешавад. Имрӯз онҳо ҳамагӣ 244 нафар боқӣ мондаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.