Интиқоли молҳо тариқи долони соддашудаи гумрукӣ байни Тоҷикистону Россия

Санаи 17 апрели соли равон зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Россия Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Россия оид ба ташкили тартиби соддагардонидашудаи амалиёти гумрукӣ ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт байни Тоҷикистон ва Россия ("Долони соддагардонидашудаи гумрукӣ") ба имзо расид. Дар замима ба созишномаи баимзоасида молҳое зикр мешаванд, ки […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Санаи 17 апрели соли равон зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Россия Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Россия оид ба ташкили тартиби соддагардонидашудаи амалиёти гумрукӣ ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт байни Тоҷикистон ва Россия ("Долони соддагардонидашудаи гумрукӣ") ба имзо расид.

Дар замима ба созишномаи баимзоасида молҳое зикр мешаванд, ки объекти созишнома ба шумор мераванд.

Аз ҷумла инҳо иборатанд аз:

– Сабзавот ва баъзе бехмеваҳо ва муғҷа-меваҳои хӯрданибоб;

– Меваҳо ва мағзҳои хӯрданибоб; пӯст ва пӯстлохи ситрусӣ ё харбуза;

– Чормағзи заминӣ, бирёнкарданашуда ё бо тарзи дигар тайёр кардашуда, пӯсткандашуда ё пӯстканданашуда, майдакардашуда ё майда карданашуда;

– Маҳсулоти коркардшудаи сабзавоту мева, мағзи чормағз ё дигар қисмҳои растаниҳо;

– Маҳсулоти ғизоии гуногун.

Мувофиқи шартҳои санад, шахсоне, ки дар расмиёти долони соддагардонидашудаи гумрукӣ иштирок мекунанд, ба чанде аз бартариятҳо соҳиб мешаванд.

Масалан, афзалият дар маҳалли барасмиятдарории гумрукӣ дар муқоиса бо дигар шахсоне, ки иштирокчии долон набуда, барасмиятдарории гумрукиро дар Тоҷикистон ва Федератсияи Россия анҷом медиҳанд.

Ҳамчунин дар суръатбахшии расмиёти гумрукӣ, ба ҳадди ақал расонидани шакл ва дараҷаи назорати гумрукӣ дар асоси таҳлили иттилоот оид ба молҳо дар доираи системаи идоракунии таваккал низ афзалият дода мешавад.

Зикр мегардад, ки муқаррароти долони соддагардонидашудаи гумрукӣ барои ҳамаи намудҳои нақлиёт (бо молҳои мавриди амал қарордошта дар долон) татбиқ мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.