Нигаронии сарвазир аз суръати корҳои таъмиру навсозии роҳи Душанбе-Бохтар

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар амалисозии лоиҳа оид ба таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар мутаассифона, аз нақшаи пешбинишуда дермонӣ вуҷуд дорад, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.

Зимни шиносоӣ бо рафти корҳо дар ин роҳи муҳим барои ҷумҳурӣ сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ин робита дастур додааст, ки ба ҷараёни корҳои таъмиру навсозӣ суръати бештар бахшида шавад.

Қоҳир Расулзода таъкид доштааст, ки бо суръати корҳое, ки имрӯз ҷараён доранд, дар муҳлати пешбинишуда роҳи сифаташ баландро ба истифода додан имкон надорад.

Ширкати паймонкор дермонӣ аз нақшаро ба шароити обуҳавои номусоиди имсола нисбат дода, ба сарвазир итминон додааст, ки дар фурсати кӯтоҳтарин камбуду норасоиҳоро бартараф мекунад ва аллакай ба асфалтпӯшонии баъзе қитъаҳои роҳ оғоз кардааст.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт, айни замон марҳилаҳои 1 ва 2-юми лоиҳаи “Таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар” мавриди амалишавӣ қарор дорад.

Паймонкори лоиҳа дар марҳилаи аввал ширкати «Синтзян Бейсин»-и Чин ва мушовири байнулмилалии он – ширкати олмонии “КОКС” мебошанд.

Дар марҳилаи аввал таъмиру навсозии 33 километр қитъаи роҳ бо сохтмони пул дар болои дарёи Кофарниҳон пешбинӣ шудааст. Барои анҷоми таъмиру навсозии ин қитъаи роҳ 96,3 млн. доллар маблағ ҷудо гардида, 27,7 млн. доллари он азхуд шудааст.

Маблағи марҳилаи дуюми лоиҳа (бо масофаи 39,6 километр бо сохтмони пул дар болои дарёи Вахш) 107,5 млн. долларро ташкил медиҳад, ки 11,7 млн. доллараш азхуд шудааст.

Анҷоми пурраи корҳои таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар бо масофаи умумии 82 километр соли 2023 дар назар аст.

Дар натиҷаи амалӣ гаштани лоиҳа, роҳ аз категорияи “III“-юм (роҳи автомобилгарди маъмулӣ) ба категорияи “1-Б” (роҳи автомобилгарди босуръат) гузаронида мешавад ва паҳноии он аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад, қайд мешавад дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ. Айни замон паҳноии роҳ то 12 метр мерасад.

Дар қади роҳ таҷҳизоти рӯшноидиҳанда ва низоми эҳтиётии ғизогирии барқ бар асоси батареяҳои офтобӣ насб мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.