ВКД: Ҳалокати 4 нафар дар садамаҳои нақлиёти рӯзҳои истироҳат

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дар ҳодисаҳои садамаи нақлиёти рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда чор нафар, аз ҷумла як ноболиғ ҳалок шуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар садамаи нақлиёти рӯзи 4 май дар роҳи Душанбе-Турсунзода ду нафар ҳалок ва чор нафар ҷароҳат бардоштаанд.

“Ронандаи автомашинаи Nissan Cefiro аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи Hyundai Porter бармехӯрад, ки дар натиҷа ронандаи 36-солаи автомашинаи Hyundai Porter ва мусофирзани 45-солаи автомашинаи Nissan Cefiro дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва ронандаву се мусофири автомашинаи Nissan Cefiro бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шуданд”, – омадааст дар маълумоти ВКД.

Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчунин аз ҳалокати ноболиғ бар асари садамаи нақлиёти рӯзи 5 май дар ноҳияи Рӯдакӣ низ хабар медиҳад.

“Ронандаи 25-солаи автомашинаи Opel Vectra зимни ҳаракат дар роҳи Ваҳдат-Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, писарчаи 12-соларо пахш мекунад, ки дар натиҷа ӯ дар бемористон ба ҳалокат расид”, – хабар медиҳад ВКД.

Ҳамин рӯз дар роҳи Душанбе-Хуҷанд низ пиёдагарди шахсияташ номаълум зери чархи автомашина ҳалок шудааст.

“Ронандаи автомашинаи Opel Astra марди тақрибан 55-60-солаи шахсияташ номаълумро дар қаламрави ноҳияи Истаравшан бо автомашинааш пахш мекунад, ки дар натиҷа ҷабрдида дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Барои муайян кардани шахсияти ҳалокшуда корҳои фаврӣ сурат гирифтааст”, – қайд мекунад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон тамоми ҳолатҳои ҳодисаҳои садамаи нақлиёти дар боло зикршуда маврид таҳқиқ қарор гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.