“Амонатбонк” ба хариди саҳмияҳои “Сангтӯда” аз аҳолӣ шурӯъ кард

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” ба харидани саҳмияҳои ҶСШК “Сангтӯда”-и барҳамдодашуда аз аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳо шурӯъ намуд.

Ҷараёни хариди саҳмияҳо 13 май оғоз гардида, то 31 декабри соли 2021 давом мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии БДА “Амонатбонк” Сайфулло Салимов.

Барои ҳар як саҳмияи арзишаш 10 доллар бонк бо пули миллӣ, бо қурби расмӣ дар рӯзи қабул маблағ пардохт мекунад.

Дар мавриди ин масъала дорандагони саҳмияҳои зикршуда метавонанд ба филиали барояшон наздиктарини “Амонатбонк” муроҷиат кунанд.

Охири соли гузашта ҳукумат бо қарори худ ба сохторҳои марбута дастур дод, ки барои пардохти арзиши номиналии саҳмияҳои ҶСШК “Сангтӯда”-и барҳамдодашуда, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тааллуқ доранд, 10 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кунанд.

Воситаҳо барои харидани саҳмияҳо аз ҳисоби даромадҳо ба ҳукумат аз фаъолияти ҶСК “НБО Сангтӯда-1” ҷудо мегардад. Ба ин корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия дастур дода шуд, ки пардохти фоидаҳо (дивидендҳо)-ро давоми фаъолияти худ то соли 2017 таъмин намояд.

Қаблан моҳи феврали ҳамин сол раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки бар асоси қарори ҳукумат гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, он ба масъалаи харидории саҳмияҳои ҶСШК “Сангтӯда” аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо арзиши номиналии онҳо машғул аст.

Бино ба гуфтаи ӯ, соли 1996, замоне, ки ҳоло пули миллии тоҷикӣ – сомонӣ набуд, ҳар як саҳмияи “Сангтӯда” бо арзиши 3 ҳазор рубли тоҷикӣ фурӯхта мешуд.

Икромӣ қайд кард, ки соли 2000 баъди гузаштан ба асъори нав, ин 3 ҳазор рубл ба 3 сомонӣ (1 сомонӣ = 1000 рубли тоҷикӣ) баробар шуд.

Аммо, таъкид дошт ӯ, сарвари давлат дастур додааст, ки барои ҳар як саҳмия ба ҷойи 3 сомонии муқарраршуда 100 сомонӣ пардохта шавад.

ҶСШК “Сангтӯда” соли 1996 таъсис дода шуд. Ҳамон сол саҳмияҳои корхонаи оянда нашр шуда, арзиши як саҳмия дар замони нашри он 3 ҳазор рубли тоҷикиро ташкил медод.

Маблағи аз фурӯши саҳмияҳо ҷамъшуда дар суратҳисоби махсус дар “Амонатбонк” минбаъд ба амалисозии лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Русия оид ба сохтмони “НБО Сангтӯда-1” ба сифати саҳми ҳукумати Тоҷикистон равона гардиданд.

Бо соҳибони саҳмияҳо ваъда дода буданд, ки баъди ба истифода додани агрегати якуми нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” ба онҳо аз саҳмияҳояшон фоида пардохт мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.