БМТ аҳолиро ба огоҳ кардан аз камбудиҳои кори бонкҳо даъват мекунад

Бонки миллии Тоҷикистон аз корбарони хизматгузориҳои бонкӣ дархост мекунад, ки дар бораи камбдиҳои кор, ки дар ташкилотҳои қарзӣ ба онҳо дучор мешаванд, хабар диҳанд. Дар Бонки миллӣ бар ин назаранд, ки ин ба бартараф кардани мушкилиҳо зимни хизматгузории бонкҳо ба мизоҷон ва ҳимояи ҳуқуқҳои корбарони ин хизматгузориҳо кумак мекунад. Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, […]

Бонки миллии Тоҷикистон аз корбарони хизматгузориҳои бонкӣ дархост мекунад, ки дар бораи камбдиҳои кор, ки дар ташкилотҳои қарзӣ ба онҳо дучор мешаванд, хабар диҳанд.

Дар Бонки миллӣ бар ин назаранд, ки ин ба бартараф кардани мушкилиҳо зимни хизматгузории бонкҳо ба мизоҷон ва ҳимояи ҳуқуқҳои корбарони ин хизматгузориҳо кумак мекунад.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, ин тадбир бо мақсади пешбурди сиёсати cозандаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифати молиявӣ амалӣ мешавад.

Ҳамчунин ин иқдом ба ҳифзи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони низоми молиявӣ, барои қабули арзу шикоят ва эроду пешниҳод нисбати хизматрасонии ташкилотҳои қарзӣ ва зерсохторҳои онҳо роҳандозӣ мегардад.

Гуфта мешавад, дар баробари телефони боварӣ +(992) 44- 600-15-20 ва суроғаи электронии mailto:[email protected])/[email protected]%20 Бонки миллии Тоҷикистон, корбарон ба суроғаи электронии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо нишонаи mailto:[email protected]@nbt.tj%20муроҷиат карда метавонанд, ки арзу шикоятҳо бевосита аз ҷониби Раиси БМТ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар баробари ин телефони +(992) 44- 600-31-41 барои қабули арзу шикоят ва пешниҳодҳо нисбати фаъолияти низоми бонкӣ фаъол мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.