Сабти беш аз 4 ҳазор қоидавайронкунии ҳаракати роҳ дар Душанбе давоми як ҳафта

Тибқи иттлои дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ, давоми ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе 4343 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбат ба ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Гуфта мешавад, ки ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри […]

Тибқи иттлои дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ, давоми ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе 4343 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбат ба ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Гуфта мешавад, ки ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пайваста аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёт доир карда мешавад.

Дар натиҷаи баргузории чунин амалиётҳои пешгирикунанда ҳамарӯза аз ҷониби кормандони ин ниҳод қоидавайронкуниҳои зиёде дар роҳҳои пойтахт ба қайд гирифта шуда, нисбат ба ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, чораҳои қонунӣ андешида мешавад. Ҳаминтавр дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок маводҳои маъмурӣ нисбат ба ронадагон тартиб дода шудааст. Аз ҷумла:

– Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 1 адад;

– Бе рақами қайди давлатӣ – 12 адад;

– Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқарраршуда – 134 адад;

– Истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 147 адад;

– Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 30 адад;

– Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт 16 адад;

– Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 9 адад;

– Худсарона баромадан аз хати сайр – 67 адад;

– Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ –114 адад;

– Вазъияти хавфнок – 11 адад;

– Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 259 адад;

– Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 875 адад;

– Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 30 адад;

– Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 1798 адад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.