“Пулҳоямонро баргардонед”. Вокуниши шабакаҳои иҷтимоӣ ба пешниҳоди Бонки миллӣ

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон аз корбарони хизматгузориҳои бонкӣ дархост кард, ки дар бораи камбудиҳои кор, ки дар ташкилотҳои қарзӣ ба онҳо дучор мешаванд, хабар диҳанд.

Вокуниш дар шабакаҳои иҷтимоӣ дер напоид. Корбарон аз Бонки миллӣ паст кардани меъёрҳои фоизи қарзҳо, пардохти амонатҳои мардум ва… баргардонидани эътимоди мардумро ба бонкҳои кишвар дархост намуданд.

Меҳроб Назаров хабар медиҳад, ки қарзаш ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ дар “Агроинвестбонк” мондааст. “Кумак карда метавонед?”, – мепурсад ӯ.

Гулчеҳра Розиқова хоҳиш дорад, ки долларҳоро пинҳон накунанд.

“Вақте сомониро бо доллар иваз карданӣ меравем, он дар бонкҳо нест, сипас ба шиносҳояшон дар бозори сиёҳ мефурӯшанд”, – менависад номбурда.

Аза Муҳаммедҷонов мегӯяд:”То 40%-и солона… аз ин хабар доред?”.

Рустам Ҷалилов бар ин назар аст, ки камбуди асосӣ фоизҳои беҳад баланди қарзҳо аст. “Кадом тиҷорат ба 25-30%-и солона тоб меорад? Агар ин тоҷири навкор бошаду барои ишғоли мавқеъ дар бахши фаъолияташ вақт лозим бошад-чӣ? Бо ин фоизҳо ҳама гуна истеҳсолкунанда муфлис мешавад. Дар хариду фурӯш (савдо) метавон ягон илоҷе кард, лекин дар истеҳсолот ба ҳеҷ ваҷҳ”, – менависад ӯ.

Таҳмина Захаркина мепурсад:

“Чӣ шумо мардумро масхара доред ё дарвоқеъ ҳам намедонед, ки дар ду бонк амонатҳоро барнамегардонанд? Дар бораи фоизҳои ҷориро напардохтан ҳам ба Бонки миллӣ хабар диҳем? Дар хусуси кадом эътимод сухан меравад? Пулҳоямонро баргардонед”.

Корбаре бо номи Рустам менависад, аҳолӣ акнун муддати тӯлонӣ ба бонкҳо дигар бовар нахоҳад дошт ва пулҳояшро дар онҳо ба амонат намегузорад.

“Бонкҳо бешармона мардумро фиреб карданд. Одамон пулҳоеро, ки ба амонат гузоштанд, гирифта наметавонанд. Барои ҳамин ҳам, акнун баҳузур истироҳат кунед доноҳо. Сармоягузориеро ҳам интизор набогшед, зеро шумо шарики боэътимод нестед”, – иброз доштааст ӯ.

Замир Воҳидов ба масъалаи интиқоли пул таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. “Аз кадом эътимод гап мезанед, вақте пули интиқолшударо бо ҳамон асъори фиристода дода наметавонед??? Танҳо бо сомонӣ гиреду халос…”.

Корбаре бо номи Умед ба раҳбарияти Бонки миллӣ чунин савол додаст:

“Бо фарқият дар қурбҳо ба андозаи 5% ва сунъӣ ба вуҷуд овардани ҳолати камбуди доллар кӣ пул кор мекунад? Ин ҷо фарқияти қурби доллар дар сомонаи расмии Бонки миллӣ – 9,43 сомонӣ барои 1 доллар ва қурби бозор – зиёда аз 10 сомонӣ барои 1 доллар дар назар дошта шудааст".

Дар Бонки миллӣ бар ин назаранд, ки хабар додан дар бораи камбудиҳо дар кори бахши бонкӣ ба бартараф кардани мушкилиҳо зимни хизматгузории бонкҳо ба мизоҷон ва ҳимояи ҳуқуқҳои корбарони ин хизматгузориҳо кумак мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.