Собиқ вазири молияи Тоҷикистон ба нафақа гусел шуд

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, собиқ вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмудинов бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ озод карда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарори дигари ҳукумат Дилмурод Давлатзода директори нви ин Агентӣ таъин шуд. Ҳамчунин бо сабаби ба кори дигар гузаштан […]

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, собиқ вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмудинов бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ озод карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарори дигари ҳукумат Дилмурод Давлатзода директори нви ин Агентӣ таъин шуд.

Ҳамчунин бо сабаби ба кори дигар гузаштан муовини аввали Агентии мазкур Назокат Одиназода ва муовини директор Файзулло Шарифзода аз мансабҳояшон барканор шуданд.

Дар вохӯрии санаи 10 май бо кормандони мақомоти андозу гумрук ва молия президенти Тоҷикистон аз фаъолияти раҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа норозигӣ изҳор намуд.

Президент шахсан Наҷмудиновро сарзаниш кард, ки бо чунин таҷрибаи бузург дар мақомоти молия ба камудиҳо дар кори идоракунии Агентӣ роҳ додааст.

Сафаралӣ Наҷмудинов солҳои тӯлонӣ (солҳои 2000-2013) дар вазифаи вазири молияи Тоҷикистон кор карда, пас аз сабукдӯш шудани аз ин мансаб, то ин замон ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа роҳбарӣ мекард.

Бо қарори ҳукумати кишвар, ваколати директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» Аловуддин Сатторӣ бинобар вафоташ қатъгардида ҳисобида шуд. Ӯро дар ин вазифа Шуҳрат Мақсудзода иваз намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.