Таъини намояндагони нави Тоҷикистон дар СҲИ ва СБС

Бо фармонҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ва Созмони байналмилалии сайёҳӣ (СБС)-и СММ дар Шоҳигарии Испания намояндагони нави Тоҷикистон таъин шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ ҳамзамон Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории иқтисодӣ таъин карда шуд. Бо фармони дигари сарвари давлат, […]

Бо фармонҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ва Созмони байналмилалии сайёҳӣ (СБС)-и СММ дар Шоҳигарии Испания намояндагони нави Тоҷикистон таъин шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ ҳамзамон Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории иқтисодӣ таъин карда шуд.

Бо фармони дигари сарвари давлат, сафири Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Ҷамшед Ҳомидов ҳамзамон Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони байналмилалии сайёҳии СММ дар Шоҳигарии Испания таъин гардид.

Созмони ҳамкории иқтисодӣ – ташкилоти байнидавлатии иқтисодии  минтақавӣ  ба шумор  рафта,  онро  соли  1985  Эрону Покистон ва Туркия бо мақсади пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои узви Созмон таъсис доданд.

Имрӯз Эрон, Покистон, Туркия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон аъзои СҲИ мебошанд. Котибот ва шуъбаи фарҳанги Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Теҳрон, дафтари иқтисоди он дар Туркия ва дафтари илмии он дар Покистон воқеъ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.