Мошинҳои боркаши гаронвазн ба тағйироти кадрӣ дар Вазорати нақлиёт боис шуданд

Бо қарори ҳукумат муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода аз мансабаш озод шуд. Тавре дар сомонаи президент хабар дода мешавад, ӯ сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон таъин шуд. Собиқ сардори ин Хадамот Хуршед Қурбонзода бо қарори дигари ҳукумати ҷумҳурӣ аз вазифааш озод карда шуд. Ёдрас мекунем, ки рӯзи […]

Бо қарори ҳукумат муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода аз мансабаш озод шуд.

Тавре дар сомонаи президент хабар дода мешавад, ӯ сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон таъин шуд.

Собиқ сардори ин Хадамот Хуршед Қурбонзода бо қарори дигари ҳукумати ҷумҳурӣ аз вазифааш озод карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 10 майи соли равон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони сохторҳои молия ва иқтисоди кишвар фаъолияти раҳбарияти ин Хадамотро барои ба таври бояду шояд назорат накардани ҳолати нигаҳдории роҳҳо мавриди интиқоди шадид қарор дод.

Сарвари давлат он замон қайд кард, ки тариқи ин роҳҳои автомобилгард, ки бо қарзҳои бисёрмиллионӣ таъмиру навсозӣ шудааст, ба гузаштани мошинҳои боркаши бузургҳаҷм бо вазни беш аз 80 тонна иҷоза дода мешавад, ки ба хеле зуд вайрон ва фарсудашавии роҳҳо оварда мерасонад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита ба вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Худоёр Худоёрзода супориш дод, ки ба ин масъала масъулияти бештар зоҳир шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.