Муҷозоти раҳбарияти Хадамоти гумрук ва Бонки миллӣ ва тағйироти кадрӣ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати мақомоти раҳбарии Хадамоти гумрук ва Бонки миллии ҷумҳурӣ танбеҳ эълон кард. Тавре дар сомонаи Сарвари давлат хабар дода мешавад, бо фармоиши ҳукумати ҷумҳурӣ, мутобиқи моддаи 32 Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ», бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ ба сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода, муовини аввали ӯ […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати мақомоти раҳбарии Хадамоти гумрук ва Бонки миллии ҷумҳурӣ танбеҳ эълон кард.

Тавре дар сомонаи Сарвари давлат хабар дода мешавад, бо фармоиши ҳукумати ҷумҳурӣ, мутобиқи моддаи 32 Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ», бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ ба сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода, муовини аввали ӯ Азим Турсунзода ва боз ду мувини дигар – Иззатулло Ҳурматзода ва Хуршед Шерализода танбеҳ дода шуд.

Ҳамчунин бо амри президент барои ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, муовини аввали ӯ Ҷамолиддин Нуралиев ва дигар муовинонаш – Ҳамидулло Машрабзода ва Лола Салимова низ танбеҳ эълон шуд.

Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан ду муовини раиси Кумитаи андоз – Лола Сафарзода ва Пӯлодҷон Юсуфӣ аз мансабҳояшон барканор шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.