Аз соли 2014 Япония ба Осиёи Марказӣ 25 млрд. доллар ҷудо кард

Нигора Фазлиддин, Asia-Plus

Ёвари котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Япония Натсуко Саката аз рӯи натиҷаҳои рӯзи аввали кори Мулоқоти ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” (18-19 май, Душанбе) бо намояндагони васоити ахбори умуми Тоҷикистон вохӯрӣ барпо намуд.

“Баҳри амалисозии лоиҳаҳо дар самтҳои гуногун Япония ба иқтисоди панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ наздики 25 млрд. доллар маблағ сармоягузорӣ намуд”, – хабар дод ба журналистол Натсуко Саката.

Бино ба гуфтаи ӯ, аз соли 2014 то имрӯз лоиҳаҳо дар соҳаҳои нақлиёту тиб ва бахши кишоварзӣ татбиқ шуда, ба ин самтҳо ва ҳамчунин дигар соҳаҳо кумаки техникӣ расонида шудааст.

Ба қавли Натсуко Саката, дар доираи се иҷлосияи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Қазоқистон Бейбут Отамқулов, Қирғизистон Чингиз Айдарбеков, Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Вепа Ҳоҷиев ва вазири корҳои хориҷии Япония Таро Коно масъалаҳои ҳамкории амалии кишварҳои аъзои Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” дар бахшҳои сайёҳӣ, савдо, сармоягузорӣ ва рушд, амнияти минтақавӣ баррасӣ шуданд.

“Ба масъалаи муҳимияти ноил гардидан ба сулҳу субот дар Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, дар ин самт ҷонибҳо идомаи ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Маркзиро бо Япония дар самти мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар, терроризм ва ифротгароӣ, ки натанҳо барои кишварҳои минтақа, балки ба сурати умум ба саросари дунё хатар эҷод мекунанд, зарур донистанд”, – қайд кард Саката.

Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки лоиҳаи бузургтарини ҳукумати Япония дар Тоҷикистон лоиҳаи сохтмону навсозии роҳи автомобилгард дар ҷануби кишвар мебошад, ки ҳаҷми буҷети он наздики 30 млн. долларро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...