Шуъбаи сайёҳии милитсия меҳмононро бо нону намак пазиройӣ намуд

Кормандони шуъбачаи сайёҳии милитсияи Шӯъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ охири ҳафтаи гузашта дар фурудгоҳи байналмилалӣ як гурӯҳ шаҳрвандони хориҷиро, ки аз давлати Бразилия бо мақсади сайёҳӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, бо нону намак пазироӣ намуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ тақсим карданд. Дар маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ қайд мешавад, ки […]

Asia-Plus

Кормандони шуъбачаи сайёҳии милитсияи Шӯъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ охири ҳафтаи гузашта дар фурудгоҳи байналмилалӣ як гурӯҳ шаҳрвандони хориҷиро, ки аз давлати Бразилия бо мақсади сайёҳӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, бо нону намак пазироӣ намуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ тақсим карданд.

Дар маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ қайд мешавад, ки дар варақаҳои иттилоотӣ, ки аз ҷониби шуъбачаи сайёҳии милитсия таҳия гардидаанд, маводҳои зиёди иттилоотӣ, аз қабилӣ маълумот дар бораи хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ, ширкатҳои суғурта, симкортҳо барои сайёҳон, ширкатҳои таксӣ, фурудгоҳҳо, телефони боварӣ ва ғайра мавҷуд мебошанд.

Гуфта мешавад, ба сайёҳони хориҷӣ ширкати сайёҳии «Орион-одвентур» хизмат расонида, кормандони шуъбачаи сайёҳии милитсия онҳоро ҳамроҳӣ менамоянд.

Сайёҳони хориҷӣ аз пазироии гарму самимии тоҷикона хеле хушҳол гардида, изҳор доштанд, ки тайи се рӯз аз шаҳри зебою дилорои Душанбе дидан намуда, сипас ба дигар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ сафар менамоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи ҳукумати мамлакат ва истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳӣ дар чор моҳи соли равон 325 ҳазор нафар сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.