Болоравии ҳаққи хизматрасонии баровардани партов дар Душанбе

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Бо пешниҳоди хадамоти коммуналии ҳукуматҳои ноҳияҳои пойтахт тарифҳои ҳаққи хизматрасонии баровардани партови маишӣ аз 1 майи соли 2019 ба ҳисоби миёна ба андозаи 10% боло бурда шуданд.

Мутахассисони Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумат пешниҳоди роҳбарони хадамоти коммуналиро баррасӣ ва бар асоси қарори қабулшуда тарифҳои навшударо ба ин хизматрасонӣ тасдиқ карданд, хабар доданд аз Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи раиси Душанбе.

Ҳисобу китоб бо тарифҳои нав аз 1 майи соли 2019 оғоз мегардад.

Бо саволҳои пайдошуда доир ба нархномаи амалкунандаи хизматрасониҳо метавон ба мақомоти иҷроияи ҳокимиятҳои ноҳияҳои шаҳр ва шуъбаҳои хоҷагии коммуналӣ дар маҳалли зист муроҷиат намуд.

Тарифҳои нави ҳаққи хизматрасонии баровардани партов дар ноҳияҳо гуногун муқаррар шудааст: ҳамааш аз масофа ба партовгоҳи асосии воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ вобаста аст ва табиист, ки ин ҷо хароҷоти нақлиёт ба инобат гирифта мешавад.

Инак, пардохти ҳаққи баровардани партов дар ноҳияҳо тариқи зайл муқаррар шудааст:

Барои сокинони ноҳияи Фирдавсӣ

– барои хонаҳои ободи муҷаҳҳаз бо қубури ахлотпарто ба як нафари воқеъан дар он иқоматдошта – 3,60 сомонӣ  (қаблан 2,50 сомонӣ нарх дошт);

– барои хонаҳои ободи бе қубури ахлотпарто ба як нафари воқеъан дар он иқоматдошта – 2,50 сомонӣ (нархи пештара – 2,10 сомонӣ);

– барои хонаҳои нообод (баракҳо) ба як нафари воқеан дар он иқоматдошта – 3,40 сомонӣ (нархи пештара – 2,80 сомонӣ);

– барои ҳавлиҳо (бахши хусусӣ) ба як нафари воқеъан дар он иқоматдошта – 3,60 сомонӣ (нархи пештара – 3,00 сомонӣ);

– барои ташкилотҳои буҷетӣ ба 1 м3 – 34,50 сомонӣ (нархи пештара 27,00 сомонӣ);

– барои корхона ва ташкилотҳои тиҷоратӣ ба 1 м3 – 45,54 сомонӣ (нархи пештара – 39,00 сомонӣ).

Барои сокинони ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ

– барои хонаҳои ободи муҷаҳҳаз бо қубури ахлотпарто ба як нафари воқеъан дар он иқоматдошта – 2,90 сомонӣ (нархи пештара – 2,40 сомонӣ);

– барои хонаҳои ободи бе қубури ахлотпарто ба як нафари воқеъан дар он иқоматдошта – 2,40 сомонӣ (нархи пештара – 2,00 сомонӣ);

– барои хонаҳои нообод (баракҳо) ба як нафари воқеан дар он иқоматдошта – 3,50 сомонӣ (нархи пештара – 2,70 сомонӣ);

– барои ҳавлиҳо (бахши хусусӣ) ба як нафари воқеъан дар он иқоматдошта – 3,30 сомонӣ (нархи пештара – 2,90 сомонӣ);

– барои ташкилотҳои буҷетӣ ба 1 м3 – 35,65 сомонӣ (нархи пештара – 23,00 сомонӣ);

– барои корхона ва ташкилотҳои тиҷоратӣ ба 1 м3 – 44,40 сомонӣ (нархи пештара – 27,00 сомонӣ).

Барои сокинони ноҳияи Сино

– барои хонаҳои ободи муҷаҳҳаз бо қубури ахлотпарто ба як нафари воқеъан дар он иқоматдошта – 3,20 сомонӣ (нархи пештара – 2,60 сомонӣ);

– барои хонаҳои ободи бе қубури ахлотпарто ба як нафари воқеъан дар он иқоматдошта – 2,40 сомонӣ (нархи пештара – 2,20 сомонӣ); 

– барои хонаҳои нообод (баракҳо) ба як нафари воқеан дар он иқоматдошта – 3,50 сомонӣ (нархи пештара – 3,00 сомонӣ);

– барои ҳавлиҳо (бахши хусусӣ) ба як нафари воқеъан дар он иқоматдошта – 3,30 сомонӣ (нархи пештара – 3,10 сомонӣ);

– барои ташкилотҳои буҷетӣ ба 1 м3 – 35,65 сомонӣ (нархи пештара – 27,00 сомонӣ);

– барои корхона ва ташкилотҳои тиҷоратӣ ба 1 м3 – 44,40 сомонӣ (нархи пештара – 39,00 сомонӣ).

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.