Ба камбизоатон 10 сомонӣ тақдим кун – ба консерт рав

Дар шаҳри Душанбе консерти хайрия баргузор мешавад, ки дар он мусиқачиёну овозхонони ҷавон ҳунарнамоӣ мекунанд. Консерт санаи 7 июн соати 17:00 дар кинотеатри “Ватан” барпо мешавад. Тамоми маблағи аз фурӯши билетҳо ба консерт ҷамъоваришуда ба кумаки оилаҳои камбизоати Тоҷикистон равона мегарданд, хабар медиҳанд созмондиҳандагони консерт. Пешниҳоди баргузор намудани чунин консерт аз ҷониби гӯрӯҳи ташаббускори ҷавонон, […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе консерти хайрия баргузор мешавад, ки дар он мусиқачиёну овозхонони ҷавон ҳунарнамоӣ мекунанд. Консерт санаи 7 июн соати 17:00 дар кинотеатри “Ватан” барпо мешавад. Тамоми маблағи аз фурӯши билетҳо ба консерт ҷамъоваришуда ба кумаки оилаҳои камбизоати Тоҷикистон равона мегарданд, хабар медиҳанд созмондиҳандагони консерт.

Пешниҳоди баргузор намудани чунин консерт аз ҷониби гӯрӯҳи ташаббускори ҷавонон, ки ба он донишҷӯёну ҳунармандони ҷавон шомиланд, сурат гирифт.

Дар консерт донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ ва дигар мусиқачиёну овозхонони ҷавон ҳунарнамоӣ карда, бидуни истифодаи фонограмма “консерти зинда” медиҳанд.

Нархи билет – 10 сомонӣ: ҳамаи маблағи ҷамъшуда ба кумаки кӯдакон аз оилаҳои камбизоат равона мегардад.

Барои харидани билетҳо ба телефонҳои зерин муроҷиат карда метавонед: 919095892 ва 935582306.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.