“Тоҷиксемент” барои сохтмони корхонаи нав 100 млн. доллар ҷалб мекунад

Asia-Plus

Дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ санаи 10 июн  маросими баимзорасонии Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶСП «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, маҳсулоти сохтмонию бетонӣ ва халта баргузор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита,  иқтидори солонаи корхонаи наве, ки бунёд мешавад, истеҳсоли 1,2 млн. тонна семент дар як солро ташкил медиҳад.

“Барои амалисозии ин иқдом 100 млн. доллари амрикоӣ сармояи мустақим ҷалб карда хоҳад шуд”, – омадааст дар маълумот. Тибқи баъзе хабарҳо, ин воситаҳо аз сармоягузорони Чин ҷалб хоҳанд шуд.

Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки корхонаи нав каме дуртар аз корхонаи амалкунанда дар қаламрави ноҳияи Варзоб сохта шуда, пас аз ба истифода додани он, корхонаи амалкунандаи сементбарорӣ дар пойтахт фаъолияташро қатъ месозад.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар қаламрави ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон низ корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори 600 ҳазор тонна дар як сол бунёд мегардад.

Ҳиссаи корхонаи “Тоҷиксемент”-и Душанбе дар ҳаҷми умумии истеҳсоли семент дар Тоҷикистон айни замон наздики 6%-ро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон ба истеҳсоли семент ба сурати умуму 18 корхона машғуланд.

Айни замон корхонаҳои асосии истеҳсолкунандаи сементи ҷумҳурӣ корхонаҳои Тоҷикистону Чин – «Чунгтсай Моҳир семент», «Хуаксин Ғаюр семент», «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» мебошанд, ки аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ин масолеҳи сохтмон дар кишвар 85%-аш ба онҳо рост меояд.

Давоми моҳҳои январ-апрели соли равон дар кишвар беш аз 1,2 млн. тонна семент истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 75 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Қобили зикр аст, ки корхонаҳои истеҳсоли сементи кишвар талаботи дохилии кишварро бо ин масолеҳи сохтмон пурра таъмин мекунанд: ҳудуди 40% сементе, ки тӯли се моҳи имсол дар ин корхонаҳо истеҳсол шудааст, ба кишварҳои ҳамсоя – Ӯзбекистону Афғонистон ва Қирғизистон содирот мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.