Урал: тоҷикистонӣ кӯдаки аз тиреза ба берун ҳавододаро наҷот дод

Кӯдаки семоҳаеро дар  шаҳри Североуралски вилояти Свердловск як муҳоҷири тоҷик наҷот додааст. Тифлро, ки аз тиреза ҳаво дода буданд, Фахриддин Юсупов ном шаҳрванди Тоҷикистон доштааст. Бино ба иттилои Sputnik Тоҷикистон, ҳодиса шоми 6 июн, тақрибан соатҳои 21:00 рух додааст. Фахридин бо шиносҳояш дар назди мағозае меистод, ки садои шикастани тирезаро шунид. Вақте ки ба оқибаш […]

Sputnik Тоҷикистон

Кӯдаки семоҳаеро дар  шаҳри Североуралски вилояти Свердловск як муҳоҷири тоҷик наҷот додааст. Тифлро, ки аз тиреза ҳаво дода буданд, Фахриддин Юсупов ном шаҳрванди Тоҷикистон доштааст.

Бино ба иттилои Sputnik Тоҷикистон, ҳодиса шоми 6 июн, тақрибан соатҳои 21:00 рух додааст. Фахридин бо шиносҳояш дар назди мағозае меистод, ки садои шикастани тирезаро шунид. Вақте ки ба оқибаш нигоҳ кард, тирезаи манзиле  дар 20 метр дуртар шикаста буд. Ӯ ҷойи ҳодиса рафт ва шоҳиди сӯиқасд ба ҷони кӯдаки семоҳа шуд.

Дар назди тирезаи пури шишамайда марде мекаловид, ки дар дасташ кӯдаки ширхорае гиря мекард.

"Напарто, ба ман деҳ", – гӯён хоҳиш карда Фахриддин аз мақсади мард пай бурда.

Аммо ҷавон ба гуфтаи марди тоҷик аҳамияте надода, кӯдакро партофтааст. Хушбахтона, Фахриддин ӯро доштааст.

Юнусов дарҳол кӯдакро ба либосаш печонида, ба пулис ва ёрии таъҷилӣ занг мезанад.

Тавре дертар муълум шудааст, ҳамон рӯз модари кӯдак ӯро дар назди шиносаш гузошта, ба мағоза рафта будааст. Ҳарду ҳам маст будаанд.

Пас аз ҳодиса маълум шудааст, ки кӯдак дар шароити антисанитарӣ ба воя мерасидааст. Зан дар манзилаш зуд-зуд меҳмон даъват кардаву майнӯшӣ мекардааст.

Феълан тифл муваққатан дар бемористон қарор дорад. Ба модараш баргардонидани ӯ ба гумон аст, зеро нисбати зан парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар бораи Фахриддид маълумоти зиёде нест. Ӯ 44 сол дорад ва ҳанӯз солҳои 90-ум ба Русия омадаву то ҳол дар сохтмон меҳнат мекунад.

"Ман шодам, ки тавонистам, кӯдакро наҷот диҳам", – мегӯяд вай.

Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Свердловск гуфтааст, ки аз ин мард сипосгузорӣ хоҳанд кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.