Тақсими SIM-кортҳои бепул ба сайёҳон дар Тоҷикистон

Саодат Раҳимӣ, Asia-Plus

Ҳамаи сайёҳоне, ки аз 15 июн ба Тоҷикистон ташриф меоранд, акнун аз ширкати Tcell симкорти бепули муҳлати амалаш 10 рӯз бидуни қайдро мегиранд.

Шуъбаи милитсияи назди милитсияи экологии ВКД Тоҷикистон ва оператори телкоммуникатсионии Tcell дар ин хусус ба созиш расиданд.

SIM-кортҳо ба сайёҳони болиғ дар шуъбаи милитсия дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ва дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ дода шуда, ҳамчунин бо ин масъала метавон ба дафтари кории милитсияи сайёҳӣ муроҷиат намуд, то ки онҳо дар гирифтани SIM-корти сайёҳӣ мусоидат намоянд.

Ҳамчунин сайёҳон метавонанд дархости худро дар бораи гирифтани SIM-кортҳо ба шуъбаҳои милитсияи сайёҳӣ то омадани худ ба кишвар тариқи ширкатҳои маҳаллии сайёҳӣ ирсол намоянд. Дар тавозуни ҳар як корт 100 дақиқа вақти бепул ба зангҳои телефонӣ ва 100 мегабайт интернет дода мешавад, ки дар муддати 10 рӯз метавон аз он истифода кард.

Телефони шуъбаи милитсияи сайёҳии назди шуъбаи экологии ВКД Тоҷикистон – 770 55 55 55 аст.

Дорандагони чунин симкортҳои сайёҳӣ комилан бепул метавонанд ба телефони милитсияи сайёҳӣ занг зананд. Операторони маркази хизматгузорӣ (call-марказ) бо якчанд забон: русӣ, англисӣ, чинӣ ва ғайра ба сайёҳон маълумоти зарурӣ пешниҳод карда метавонанд.

Ғайр аз ин, дорандагони SIM-кортҳои сайёҳӣ ба низоми СМС-паёмак дар бораи чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ ё ҳолатҳои ғайримунтазира, офатҳои табиӣ ва ғайра дар қаламрави кишвар пайваст шудаанд.

Барои гирифтани SIM-корти сайёҳӣ шаҳрванди хориҷиро лозим аст, ки шиносномаи хориҷиаш ё раводид (виза)-и электронии онро (агар симкорт саривақт дархост шуда бошад) пешниҳод намояд.

Гуфта мешавад, ояндаи наздик бо мусоидати милитсияи сайёҳӣ замимаи мобилии “Салом Тоҷикистон” ва шиносномаи сайёҳӣ бо хизматгузориҳои иловагӣ ва маълумоти зарурӣ таҳия мешавад, ки ҳузури сайёҳонро дар ҷумҳурӣ бароҳату мусоид месозад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.