Тақсими SIM-кортҳои бепул ба сайёҳон дар Тоҷикистон

Ҳамаи сайёҳоне, ки аз 15 июн ба Тоҷикистон ташриф меоранд, акнун аз ширкати Tcell симкорти бепули муҳлати амалаш 10 рӯз бидуни қайдро мегиранд. Шуъбаи милитсияи назди милитсияи экологии ВКД Тоҷикистон ва оператори телкоммуникатсионии Tcell дар ин хусус ба созиш расиданд. SIM-кортҳо ба сайёҳони болиғ дар шуъбаи милитсия дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ва дар ҳамаи гузаргоҳҳои […]

Саодат Раҳимӣ, Asia-Plus

Ҳамаи сайёҳоне, ки аз 15 июн ба Тоҷикистон ташриф меоранд, акнун аз ширкати Tcell симкорти бепули муҳлати амалаш 10 рӯз бидуни қайдро мегиранд.

Шуъбаи милитсияи назди милитсияи экологии ВКД Тоҷикистон ва оператори телкоммуникатсионии Tcell дар ин хусус ба созиш расиданд.

SIM-кортҳо ба сайёҳони болиғ дар шуъбаи милитсия дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ва дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ дода шуда, ҳамчунин бо ин масъала метавон ба дафтари кории милитсияи сайёҳӣ муроҷиат намуд, то ки онҳо дар гирифтани SIM-корти сайёҳӣ мусоидат намоянд.

Ҳамчунин сайёҳон метавонанд дархости худро дар бораи гирифтани SIM-кортҳо ба шуъбаҳои милитсияи сайёҳӣ то омадани худ ба кишвар тариқи ширкатҳои маҳаллии сайёҳӣ ирсол намоянд. Дар тавозуни ҳар як корт 100 дақиқа вақти бепул ба зангҳои телефонӣ ва 100 мегабайт интернет дода мешавад, ки дар муддати 10 рӯз метавон аз он истифода кард.

Телефони шуъбаи милитсияи сайёҳии назди шуъбаи экологии ВКД Тоҷикистон – 770 55 55 55 аст.

Дорандагони чунин симкортҳои сайёҳӣ комилан бепул метавонанд ба телефони милитсияи сайёҳӣ занг зананд. Операторони маркази хизматгузорӣ (call-марказ) бо якчанд забон: русӣ, англисӣ, чинӣ ва ғайра ба сайёҳон маълумоти зарурӣ пешниҳод карда метавонанд.

Ғайр аз ин, дорандагони SIM-кортҳои сайёҳӣ ба низоми СМС-паёмак дар бораи чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ ё ҳолатҳои ғайримунтазира, офатҳои табиӣ ва ғайра дар қаламрави кишвар пайваст шудаанд.

Барои гирифтани SIM-корти сайёҳӣ шаҳрванди хориҷиро лозим аст, ки шиносномаи хориҷиаш ё раводид (виза)-и электронии онро (агар симкорт саривақт дархост шуда бошад) пешниҳод намояд.

Гуфта мешавад, ояндаи наздик бо мусоидати милитсияи сайёҳӣ замимаи мобилии “Салом Тоҷикистон” ва шиносномаи сайёҳӣ бо хизматгузориҳои иловагӣ ва маълумоти зарурӣ таҳия мешавад, ки ҳузури сайёҳонро дар ҷумҳурӣ бароҳату мусоид месозад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.