Эълони расмии оғози маъракаи пешазинтихоботии Трамп

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти ИМА шаби сешанбе дар ҳузури ҳазорҳо ҷонибдораш дар шаҳри Орландои иёлати Флорида оғози маъракаи пешазинтихоботии худро расман эълом кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Доналд Трамп суханронии худро бо интиқоди расонаҳои либерал ва рӯзноманигороне оғоз кард, ки ба гуфтаи вай, "хабарҳои дурӯғ" менависанд.

Гуфта мешавад, Трамп ҳангоми эълони оғози маъракаи пешазинтихоботиияш гуфт, тими ӯ дар тӯли дувуним сол корҳоеро анҷом дод, ки ягон кас накарда буд. Ҳамчунин шароитеро дошт, ки ягон президент рӯбарӯ нашуда буд. "Ин корро боз идома медиҳем ва ваъда медиҳам, ки ҳеч гоҳ шуморо фиреб нахоҳам кард", – афзуд президенти ИМА.

​Трамп ҷонибдорони худро аз эҳтимоли пирӯзии номзади демократҳо ҳушдор дод. Ӯ гуфт, онҳо мехоҳанд, ИМА-ро маҳв кунанд. Вай бо ёдоварӣ аз таҳқиқи додситони махсус Роберт Мюллер дар робита ба эҳтимоли дахолати Русия дар интихоботи президентии соли 2016 афзуд, ки аз ҳама мавқеи шадидтарро нисбат ба Русия ӯ гирифтааст.

Трамп аз амрикоиҳо даъват кард, ки ба хотири "хотима бахшидан ба ин низоми фасодзада" 3 ноябри соли 2020 дар интихобот иштирок кунанд.

Зимнан зикр мегардад, ки бар асоси назарпурсие, ки созмони SSRS бо дархости CNN анҷом додааст, 54 дарсади амрикоиҳо гуфтаанд, Трамп соли 2020 бори дувум президенти ИМА интихоб хоҳад шуд.

Аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар баробари Трамп губернатори пешини иёлати Массачусетс Уильям Уэлди 73-сола низ довталаби курсии президентии ИМА аст. Аз Ҳизби демократ то ба ҳол беш аз 20 сиёсатмадор гуфтаанд, ки мехоҳанд дар интихоботи соли 2020 иштирок кунанд. Дар миёни онҳо сенатори иёлати Вермонт Берни Сандерс, муовини пешини президенти ИМА Ҷо Байден ва шаҳрдори кунунии Ню-Йорк Билл де Блазио низ ҳастанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.