Наҷотдиҳандагони КҲФ се наврасро аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Ба шарофати вокуниши фаврии наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, ки бо мақсади пешгирӣ аз ҳаводиси нохуш дар махзанҳои об навбатдорӣ мекунанд, се навраси то 15-сола наҷот дода шуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, ҳангоми навбатдорӣ дар соҳилҳои дарёи Сир гурӯҳи ғаввосон-наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд се сокини шаҳри […]

Asia-Plus

Ба шарофати вокуниши фаврии наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, ки бо мақсади пешгирӣ аз ҳаводиси нохуш дар махзанҳои об навбатдорӣ мекунанд, се навраси то 15-сола наҷот дода шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, ҳангоми навбатдорӣ дар соҳилҳои дарёи Сир гурӯҳи ғаввосон-наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд се сокини шаҳри Хуҷандро, ки дар ҳоли ғарқ шудан дар об буданд, наҷот доданд. Ин наврасон дар минтақае оббозӣ мекарданд, ки шиноварӣ манъ буд. Онҳоро аз мавҷи об ба берун, ба соҳил оварданд. Дар аввалин фурсат барояшон ёрии тиббӣ расонда шуд. Баъди он ки духтурон наврасонро муоина карданд, онҳо ба хонаҳои худ равон гаштанд.

Гуфта мешавад, ба хотири пешгирӣ аз чунин рӯйдодҳои нохуш наҷотдиҳандагони КҲФ маҷмуи чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарӣ дар обҳо мегузаронанд ва ин як вазифаи хеле муҳими наҷотдиҳандагон дар мавсими тобистон мебошад.

Зикр мегардад, ки ҳамарӯза мутахассисони Кумита дар гӯшаву канори кишвар, дар минтақаҳои наздисоҳилӣ, лагерҳои истироҳатӣ, ҳавзҳои шиноварӣ навбатдорӣ мекунанд ва ҳамзамон бо роҳандозии мулоқотҳо ба истироҳаткунандагон дар бораи хатари шиноварӣ дар ҷойҳои мамнуъ ва расонидани ёриҳои аввалияи тиббӣ суҳбатҳо баргузор мекунанд.

Кумита бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки ҳангоми оббозӣ ва истироҳат дар манотиқи наздисоҳилӣ ба кӯдакон бештар таваҷҷуҳ намоянд. Онҳоро ҳаргиз беназорат нагузоред!

Мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, соли гузашта дар Тоҷикистон бар асари риоя накардани меъёрҳои рафтор ҳангоми оббозӣ дар об 140 нафар ( соли 2017 – 170 нафар) ғарқ шуданд. Аз ин шумор 27 нафарашонро шахсони синни то 10-сола, 23 нафарро – то 17-сола, 48 нафарро – то 35-сола ва 37 нафарро шахсони синни аз 35-сола боло ташкил доданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Бахши озуқа ва кишоварзии СММ: “Ба амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”

Дар ҳмоиши ин ниҳоди байналмилалӣ, ки дар Душанбе идома дорад, боз чӣ гуфтанд?

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.