Пули интиқоли ҷасадҳои ӯзбекистониҳоро ба ватан ҳукумат пардохт мекунад

Дар ин бора вазири муносибатҳои меҳнативу шуғли аҳолии Ӯзбекистон Шерзод Кудбиев рӯзи 18 июн дар як нишасти хабарӣ иттилоъ додааст. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, пештар ӯзбекистониҳо аз президент Шавкат Мирзиёев хостанд, ҷасади муҳоҷирон ба ватан ройгон интиқол дода шавад. "Ман дастур додам, ки расмиёти интиқоли ҷасади шаҳрвандони Ӯзбекистонро ба ватан осон кунанд. […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар ин бора вазири муносибатҳои меҳнативу шуғли аҳолии Ӯзбекистон Шерзод Кудбиев рӯзи 18 июн дар як нишасти хабарӣ иттилоъ додааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, пештар ӯзбекистониҳо аз президент Шавкат Мирзиёев хостанд, ҷасади муҳоҷирон ба ватан ройгон интиқол дода шавад.

"Ман дастур додам, ки расмиёти интиқоли ҷасади шаҳрвандони Ӯзбекистонро ба ватан осон кунанд. Пештар аз наздикони фавтидаҳо нусхаи патент, пардохтҳои андозро талаб мекардем, ки ҳоло ин қоида бекор карда шуд ва давлат ҳамаи харҷи интиқоли ҷасадҳоро ба кишвар бар зимма мегирад", – иқтибос овардаанд расонаҳо аз суханони Кудбиев.

Ба гуфтаи Шерзод Кудбиев, ниҳоди зери раҳбарии ӯ ҳамчунин омодааст, ӯзбекистониҳоеро ба ватан биорад, ки дар марказҳои нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия қарор доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Бахши озуқа ва кишоварзии СММ: “Ба амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”

Дар ҳмоиши ин ниҳоди байналмилалӣ, ки дар Душанбе идома дорад, боз чӣ гуфтанд?

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.