Кордкашии зодагони Осиёи Марказӣ назди метрои Маскав

Бар асари ҷанҷолу занозанӣ назди истгоҳи метрои “Электрозаводская” дар шаҳри Маскав як нафар ҳалок ва се тани дигар осеб диданд, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба як манбаъ. “Ҷанҷолу занозании дастаҷамъӣ назди даромадгоҳи метро субҳи барвақти рӯзи 19 июн рух дод. Тибқи маълумоти мавҷуда, дар он зодагони Осиёи Миёна, ки дар ҳолати мастӣ аз машрубот […]

Asia-Plus

Бар асари ҷанҷолу занозанӣ назди истгоҳи метрои “Электрозаводская” дар шаҳри Маскав як нафар ҳалок ва се тани дигар осеб диданд, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба як манбаъ.

“Ҷанҷолу занозании дастаҷамъӣ назди даромадгоҳи метро субҳи барвақти рӯзи 19 июн рух дод. Тибқи маълумоти мавҷуда, дар он зодагони Осиёи Миёна, ки дар ҳолати мастӣ аз машрубот қарор доштанд, иштирок кардаанд”, – иброз доштааст манбаъ.

Қайд мешавад, ки дар занозанӣ то 10 нафар – зодагони минтақаи Осиёи Марказӣ иштирок доштаанд.

“Ҳодиса соати 05:30 дақиқаи субҳ дар гулгашти назди даромадгоҳ ба метро рух дода, ҳангоми ҷанҷолу занозанӣ онҳо аз чӯбу калтаку арматура ва корд истифода бурдаанд”, – қайд кардааст сарчашмаи хабар.

Бино ба маълумоти сомонаи расонаи мустақили “Ахбор”, занозанӣ байни муҳоҷирон аз Қирғизистон сурат гирифтааст. Дар видеоҳои аз ҷои ҳодиса нашршуда низ дида мешавад, ки муҳоҷирон дар назди тарабхонае бо номи "Иссиқкӯл” дастбагиребон шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Бахши озуқа ва кишоварзии СММ: “Ба амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”

Дар ҳмоиши ин ниҳоди байналмилалӣ, ки дар Душанбе идома дорад, боз чӣ гуфтанд?

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.