Бонки миллӣ боз як ташкилоти қарзиро барҳам медиҳад

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 июн барҳамдиҳии ташкилоти қарзии хурди "Молия“ва сармоя” шурӯъ шуд. Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ, фаъолияти ҶДММ ТАҚХ “Молия ва сармоя” тариқи барҳамдиҳии маҷбурӣ қатъ карда мешавад. Гуфта мешавад, бар асоси қарори зикршуда иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Молия ва сармоя”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 июн барҳамдиҳии ташкилоти қарзии хурди "Молия“ва сармоя” шурӯъ шуд.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ, фаъолияти ҶДММ ТАҚХ “Молия ва сармоя” тариқи барҳамдиҳии маҷбурӣ қатъ карда мешавад.

Гуфта мешавад, бар асоси қарори зикршуда иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Молия ва сармоя”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки самтҳои дигари фаъолияти ташкилоти зикргардида дар асоси қарори қабулгардида аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи қонунгузории амалкунанда баррасӣ карда мешаванд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 10 майи соли ҷорӣ дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти молия ва андоз, гумрук ва соҳаи бонкӣ изҳор намуд, ки бар асари буҳрон дар низоми бонкӣ шумори ташкилотҳои қарзӣ дар Тоҷикистон тайи чор соли охир қариб ду баробар кам шудааст.

“То оғози буҳрони бонкӣ, яъне соли 2014, дар кишвар 137 ташкилоти қарзӣ амал карда, соли 2018 шумори онҳо то 79 ташкилот кам шуд”, – таъкид дошт президент.

Бино ба гуфтаи ӯ, аз ҳама бештар иҷозатномаҳои ташкилотҳои қарзии хурд бозхонд шуда, шумори онҳо аз 125 адад дар соли 2012 то ба 62 адад дар соли 2018 кам шудааст.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон 78 ташкилоти қарзӣ: 17 бонк, 24 ташкилоти хурди амонатгузорӣ, 6 ташкилоти қарзии хурд ва 31 фонди қарзии хурд амал мекунанд.

Қобили зикр аст, ки 52 ташкилоти қарзӣ дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд, ки 22-тоашон тариқи маҷбурӣ фаъолияташон қатъ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.