Як ҷӯгизан аз Тоҷикистонро аз ҳисоби ҳамдиёрон аз Русия хориҷ карданд

Як ҷӯгизан аз Тоҷикистонро, ки барои талбандагӣ дар оромгоҳи шаҳри Екатеринбург боздошт шуд, аз ҳисоби маблағҳои ҷамъовардаи диаспораи тоҷикон бо панҷ нафар кӯдаконаш ба Тоҷикистон хориҷ карданд, хабар медиҳад Фергана. Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Екатеринбург дар оромгоҳи микрорайони Химмаш занеро боздошт намуданд, ки ҳамроҳи панҷ нафар кӯдаконаш, ки духтарчаи хурдиаш акнун 6-рӯза шуда буд, талбандагӣ […]

Asia-Plus

Як ҷӯгизан аз Тоҷикистонро, ки барои талбандагӣ дар оромгоҳи шаҳри Екатеринбург боздошт шуд, аз ҳисоби маблағҳои ҷамъовардаи диаспораи тоҷикон бо панҷ нафар кӯдаконаш ба Тоҷикистон хориҷ карданд, хабар медиҳад Фергана.

Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Екатеринбург дар оромгоҳи микрорайони Химмаш занеро боздошт намуданд, ки ҳамроҳи панҷ нафар кӯдаконаш, ки духтарчаи хурдиаш акнун 6-рӯза шуда буд, талбандагӣ мекард.

Зан ҳуҷҷат надошт, аз ин рӯ ӯро дар Маркази қабулгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ҷой доданд, қайд мекунад нашрияи Eanews.

Мувофиқи қонунҳои Русия, муҳоҷирони ҳузурашон ғайриқонунӣ аз ҳисоби буҷети Русия ба кишварҳояшон хориҷ карда мешаванд. Ин корро Хадамоти федералии судиҷрочиён ба анҷом мерасонад. Лекин бо гузашти як моҳ аз боздошт низ зан дар қабулгоҳ нигаҳдорӣ мешуд.

Тибқи маълумоти Eanews, ба таъхир афтодани ихроҷ ба баста шудани суратҳисобҳо баъди ҳабси муовини сардори Раёсати Хадамоти федералии судиҷрочиён дар вилояти Свердловск вобаста будааст.

Замони дар қабулгоҳ қарор доштани зан намояндагони диаспора, ҳомиёни ҳуқуқ ва ҳайати кормандони ваколатдор оид ба ҳууқуқи инсон Татяна Мерзлякова ба аёдати ӯ меомаданд. Ба ин оила бо сарулибос ва ғизо барои кӯдак кумак мекарданд. Бо талошҳои муштараки диаспораи тоҷикон ва ташкилоти ҳомии ҳуқуқи «Межнациональный информационный центр» (Марказибайнулмилалии иттилоотӣ) ба харидани билет ба Тоҷикистон баои ин зан маблағи зарурӣ ҷамъоварӣ шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.