Чӣ гуна дар Бухоро аз ҳаво об истеҳсол мекунанд

Саодат Раҳимӣ, Asia-Plus

Ба шаҳри иқлимаш аз ҳама хушктарини Ӯзбекистон – Бухоро аз давлати Исроил дастгоҳе оварданд, ки ҳаворо ба об табдил медиҳад. Мегӯянд, ин дастгоҳ дар як рӯз метавонад то 900 литр оби нӯшокӣ истеҳсол намояд, ки сокинони маҳаллӣ аз он танқисӣ мекашанд. “Дастгоҳ наздики ду моҳ ба таври озмоишӣ кор мекунад, то ки иқтидори истеҳсоли оби […]

Ба шаҳри иқлимаш аз ҳама хушктарини Ӯзбекистон – Бухоро аз давлати Исроил дастгоҳе оварданд, ки ҳаворо ба об табдил медиҳад. Мегӯянд, ин дастгоҳ дар як рӯз метавонад то 900 литр оби нӯшокӣ истеҳсол намояд, ки сокинони маҳаллӣ аз он танқисӣ мекашанд.

“Дастгоҳ наздики ду моҳ ба таври озмоишӣ кор мекунад, то ки иқтидори истеҳсоли оби он дар шароити душвори иқлими хушки Бухоро санҷида шавад. Агар натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оянд, Ӯзбекистон бо Исроил дар бораи харидорӣ ва насби чунин дастгоҳҳо дар тамоми минтақаҳои иқлимашон хушки кишвар шартнома мебандад”, – изҳор дошт блогнависи ҷавон Фирӯзбек Сайфуллоев.

Аз тарзи кори дастгоҳ дар навори видеои мо шинос шуда метавонед.

Гузориши видеоӣ дар доираи боздиди расонаии Мактаби мустақили рӯзноманигории “Тоҷикистон – асри XXI” ба Ӯзбекистон таҳия шудааст.

Гузориши пешин дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025 ба андозаи 25,4% ва нисбат ба як даҳсола пеш - 5,5 баробар зиёдтар мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...