Камбуди асъор ба буҳрони сӯзишворӣ боис шуда метавонад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯзишвории Тоҷикистон мегӯянд, аз оғози соли равон ба мушкилоти мубодилаи асъор дучор шудаанд. Онҳо аз Русия маводи сӯзишворӣ харида, онро ба кишвари мо оварда мефурӯшанд. Бо сомонӣ. Барои овардани миқдори нави сӯзишворӣ сомониро мебояд бо рубли русӣ ё доллар иваз намуд. Гӯё як чизи оддие бошад. Дар амал бошад, иҷрои он ғайриимкон […]

Ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯзишвории Тоҷикистон мегӯянд, аз оғози соли равон ба мушкилоти мубодилаи асъор дучор шудаанд.

Онҳо аз Русия маводи сӯзишворӣ харида, онро ба кишвари мо оварда мефурӯшанд. Бо сомонӣ. Барои овардани миқдори нави сӯзишворӣ сомониро мебояд бо рубли русӣ ё доллар иваз намуд. Гӯё як чизи оддие бошад. Дар амал бошад, иҷрои он ғайриимкон аст. Дар суратҳисобҳои ширкатҳои воридкунанда миллионҳо сомонӣ ҷамъ шуда, лекин онҳоро ба рубл ё доллар иваз карда наметавонанд. Мутаносибан, дар Русия низ  ба харидани миқдори нави маводи сӯзишворӣ имкон надоранд.

Тибқи баъзе маълумот, дар суратҳисобҳои танҳо як ширкати “Газпромнефт Тоҷикистон”, ки наздики 55% аз ҳаҷми умумии маводи сӯзишвориро ба кишвари мо ворид мекунад, аллакай беш аз 200 млн. сомонӣ маблағ ҷамъ шудааст, ки ба 1,5 млрд. рубли русӣ баробар аст. Раҳбарияти ин ширкат аз шарҳи масъалаи мазкур худдорӣ варзида, дар ҳамин ҳол, вазъро “мушкил” эътироф намуд.

Дар дигар ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ, ки мо ба онҳо муроҷиат намудем, қайд карданд, ки ивази сомонӣ ба асъори мубодилаи озод торафт душвор мешавад. Дар ҳамин ҳол, роҳбарони бахши бонкӣ масъаларо ба тавре возеҳу аён ба онҳо шарҳ намедиҳанд.

Бино ба иттилои манбаъҳои огаҳ аз вазъ, чанде аз ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯзишворӣ аллакай баҳри кумак дар ҳалли масъала ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.

Ширкатҳо огоҳ мекунанд, ки агар дар ин самт таъҷилан баҳри ислоҳи вазъ чораҷӯӣ нашавад, воридоти маҳсулоти нафтӣ метавонад ба таври қобили мулоҳиза кам шавад ё комилан қатъ гардад.

“Ҳатто камбуди начандон зиёди маҳсулоти нафтӣ ба болоравии арзиши он боис гардида, дар натиҷа қиматшавии дигар ҳама маҳсулот низ оғоз мегардад, зеро ба нуқтаҳои фурӯш маҳсулот бо нақлиёт расонида мешавад”, – иброз дошт ба “Азия-Плюс” дар ин робита иқтисодчӣ Солеҳ Ҳамидов.

Ӯ дар бораи оқибатҳои қатъи воридоти сӯзишворӣ барои нақлиёт ба муддати ҳамагӣ чанд шабонарӯз коршиносона изҳори назар кард.

Шакли пурраи мусоҳиба дар шумораи нави газетаи «Asia-Plus», ки аллакай дар фурӯш аст, қобили дарёфт мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.