Заҳролудшавии 23 кӯдаки боғча дар Ӯзбекистон аз оби ифлос

Кӯдакон ва кормандони як боғча дар ноҳияи Баяути Ӯзбекистон рӯзҳои 18-19 июн бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба бемористон муроҷиат карданд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаҳои маҳаллӣ, 23 кӯдак ва 2 коргари боғча заҳролуд шудаанд. Гуфта мешавад, табибон иҳор доштаанд, ки норасоии оби ошомиданӣ дар боғчаи мазкур боиси сар задани чунин […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Кӯдакон ва кормандони як боғча дар ноҳияи Баяути Ӯзбекистон рӯзҳои 18-19 июн бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба бемористон муроҷиат карданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаҳои маҳаллӣ, 23 кӯдак ва 2 коргари боғча заҳролуд шудаанд.

Гуфта мешавад, табибон иҳор доштаанд, ки норасоии оби ошомиданӣ дар боғчаи мазкур боиси сар задани чунин ҳолат шудааст. Рӯзи 17 июн дар боғча об набуд ва кӯдакон оби сард нӯшидаву меваи ношуста хӯрдаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки вазъи беморонро табибон миёна арзёбӣ кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Барои навъҳои ҷудогонаи кондитсионерҳо меъёр се баробар ва барои қандилу чароғҳои деворӣ - ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.