Чаро ба ботлоқи мардикорӣ ғӯтавар мешавем?

Хоҳ нохоҳ дар ҷомеаи мо ба мардикорон, ҳамон нафароне, ки дар маҳаллаиГипрозем бо селофану ҷувздонҳояшон ба умеди корфармое меистанд, ба чашми дигар менигаранд. Хоҳ нохоҳ дар ҷомеаи мо ба нафароне, ки дар шафати бозори “Султони Кабир” бо асбобҳои кор мекардаашон меистанд, бо чашми “каҷ” нигоҳ мекунанд. Хоҳ нохоҳ дар ҷомеаи мо ба афроде, ки дар […]

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ, Гулрӯ КАЛБОДОВА, махсус барои “Азия-Плюс”

Хоҳ нохоҳ дар ҷомеаи мо ба мардикорон, ҳамон нафароне, ки дар маҳаллаиГипрозем бо селофану ҷувздонҳояшон ба умеди корфармое меистанд, ба чашми дигар менигаранд.

Хоҳ нохоҳ дар ҷомеаи мо ба нафароне, ки дар шафати бозори “Султони Кабир” бо асбобҳои кор мекардаашон меистанд, бо чашми “каҷ” нигоҳ мекунанд.

Хоҳ нохоҳ дар ҷомеаи мо ба афроде, ки дар маҳаллаи 82-юм бо чашми чор, дар офтоби “қарор” нишаста, ризқашонро интизор мешаванд, бо ангушт нишон дода, муносибати хуб намекунанд.

Вале оё касе аз мо боре фикри дар чӣ ҳолат будану чаро ба ин кори сиёҳ даст задани онҳоро кардаем? Оё боре андешидаем, ки чаро ҷавонон, мардон ва ҳатто пиронсолон дар маконҳои муайян ҷамъ шуда, қартабозӣ мекунанду дар баробари он хостори қутти лоямуте мешаванд? Оё боре фикр кардаем, ки онҳо кистанд, чаро дигар кор намекунанд, чӣ мушкилӣ доранд, бо чӣ алам зиндагӣ мекунанд? Пас аз мушоҳидаҳои серӯза ба хулосае расидем, ки касе дар фикри касе нест ва ин аст, ки камбағалон камбағалтар мешаванду бойҳо бойтар.

Субҳ. Кондуктори хатгарди №54 ҳар нафари ба чашмаш бархӯрдаро ба нишастан даъват мекунад. Дар нишастгоҳи охир, ки се ҷойи нишаст дорад, ҷо гирифтам. Ду нафар, ки яке селофани “тангем” ва дигаре ҷувздон доштанд, бо ҳам гапзадаву “чакка” партофта, ба мошин савор ва дар паҳлӯи ман нишастанд. Ҳамоно суҳбаташон давом меёфт ва лаҳзае ҳам садояшон паст намешуд. Вақти роҳкироро додан якеаш аз ҷайбаш як се сомона баровард ва гуфт: “як нафар”. Баробари аз кондуктор бақияашро гирифтан ҳамроҳаш ҳам роҳкирояшро “як нафар”-гӯён дароз  кард. Одатан дар мо баробари дар нақлиёти мусофирбар нишастан ҳамроҳон ҳар кадоме ба қадри имкон кӯшиш мекунад, ки роҳкироро диҳад, вале бо дидани чунин манзара бешубҳа пай бурдан мумкин аст, ки муаллифони садоҳои “як нафар” мушкилии иқтисодӣ доранд. Онҳо баъди пули бозори “Султони Кабир” фаромаданд. То ин дам аз ину он суҳбат карданд. Суҳбаташон “бӯйи” нодорӣ, тангдастӣ, камбизоатӣ… мекард.

Агарчӣ мо ба ҷойи лозимаамон ҳоло нарасида будем, вале аз пасашон фаромадем. Онҳо ба ҷое рафатанд, ки тақрибан 50 нафар парешон нишаста буданд. ба умеди чизе, касе, дастёре, ризқе, кӯмаке, коре…

Ин 50 нафар 5-10 нафарӣ ба гурӯҳҳо ҷудо шуда саргарми суҳбат буданд. Баробари мошине ба наздашон омадан, ҳамагӣ ба сӯяш медавиданд ва бо корфармо савдо мекарданд. Бешубҳа, метавон гуфт, ки он макон бӯйи дард, ноумедӣ, нокомӣ, тангдастӣ ва нодориро медиҳад.

Пас аз се рӯз

Пас аз се рӯзи он мушоҳидаҳо ба хулосае омадем, ки бори дигар мардони дар ташвиш буда, зери офтоб монда, ғӯтавари ғаму андуҳ буда…ро хабар бигирем.

“Ба ҳама кор розием ва аз дастмаон меояд, муҳимаш пулаш туғрӣ гирад”- аз дур садои мардикоре омад, ки рӯ ба рӯ бо  корфармое истода буд.

Баробари ист кардани ҳар мошин мардикорон ба сӯяш метохтанд. Корро фаҳмида нарх мегузоштанд. Корфармоён ба мисле, ки дар ауксион бошанд, корҷӯёнро аз рӯйи нархи кардаашон интихоб мекарданд. Ва кор то ҷое расид, ки кори 300 сомона дар 80 сомонӣ қабул шуду ба ҷойи се нафар корфармо як нафарро гирифта бурд.

Қазоват бар худи Шумост ва аммо бисёр мутаассифем, ки мо чунинему чунин ҳол дорем.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.