Ҳукумат овозаи бе шиносномаи нав пардохт нашудани нафақаро рад мекунад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Овозаҳои ҷойдошта дар ҷомеа бобати бе шиносномаи намунаи нав – ID-кортҳо пардохт нашудани нафақа, асос надоранд, изҳор дошт ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати таъмини нафақаи Агенти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Сулаймон Қосимзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар деҳаҳои дурдаст 10-12 нафар шаҳрвандогни пиронсол то ҳол бо шиносномаи намунаи замони шӯравӣ нафақа мегиранд.

“Бинобар сабаби ғайриимкон будани бо ин гуна шиносномаҳо тайёр кардани кортҳои бонкии пластикӣ, ба онҳо нафақааашон тибқи варақаи алоҳидаи пардохт дода мешавад”, – қайд кард Қосимзода.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки одамоне, ки бо шиносномаи замони шӯравӣ нафақа мегиранд, шахсони пиру барҷомонда буда, мустақилона ҳаракат карда наметавонанд.

“Ояндаи наздик кормандони мо дар ҳамдастӣ бо кормандони милитсияи маҳаллӣ ба аёдати онҳо рафта, барои тайёр кардани шиносномаи намунаи нав маълумоти заруриро мегиранд”, – иброз дошт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, изҳори итминон шуд, ки агар ояндаи наздик тайёр кардани шиносномаи нав муяссар нашавад, барои нафақахӯрони дорои шиносномаи намунаи замони шӯравӣ ҳеҷ мушкилие пеш нахоҳад омад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, шумори нафақахӯрон дар Тоҷикистон ба аввали моҳи июн наздики 700 ҳазор нафарро ташкил дода, танҳо моҳи охир шумори нафақахӯрон дар кишвар 24 ҳазору 91 нафар ё худ 3,6% афзудааст.

Афзоиши шумори нфаақахӯрон дар шаҳри Душанбе ба миқдори 4,7%, ноҳияҳои тобеи марказ – 3,9%, вилояти Суғд – 3,6%, вилояти Хатлон – 3,4% ва ВМКБ – 1,8% ба қайд гирифта шудааст.

Маблағи пардохти нафақа ва кумакпулиҳо давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ бо назардошти бақия ба аввали сол (25,3 млн. сомонӣ) 932,1 млн. сомонӣ (98,8 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми нафақаи миёна дар ҷумҳурӣ – 308 сомонӣ (32 доллар тибқи қурби Бонки миллӣ)-ро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".