Ҳукумат овозаи бе шиносномаи нав пардохт нашудани нафақаро рад мекунад

Овозаҳои ҷойдошта дар ҷомеа бобати бе шиносномаи намунаи нав – ID-кортҳо пардохт нашудани нафақа, асос надоранд, изҳор дошт ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати таъмини нафақаи Агенти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Сулаймон Қосимзода. Бино ба гуфтаи ӯ, дар деҳаҳои дурдаст 10-12 нафар шаҳрвандогни пиронсол то ҳол бо шиносномаи намунаи замони шӯравӣ нафақа мегиранд. “Бинобар сабаби ғайриимкон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Овозаҳои ҷойдошта дар ҷомеа бобати бе шиносномаи намунаи нав – ID-кортҳо пардохт нашудани нафақа, асос надоранд, изҳор дошт ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати таъмини нафақаи Агенти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Сулаймон Қосимзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар деҳаҳои дурдаст 10-12 нафар шаҳрвандогни пиронсол то ҳол бо шиносномаи намунаи замони шӯравӣ нафақа мегиранд.

“Бинобар сабаби ғайриимкон будани бо ин гуна шиносномаҳо тайёр кардани кортҳои бонкии пластикӣ, ба онҳо нафақааашон тибқи варақаи алоҳидаи пардохт дода мешавад”, – қайд кард Қосимзода.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки одамоне, ки бо шиносномаи замони шӯравӣ нафақа мегиранд, шахсони пиру барҷомонда буда, мустақилона ҳаракат карда наметавонанд.

“Ояндаи наздик кормандони мо дар ҳамдастӣ бо кормандони милитсияи маҳаллӣ ба аёдати онҳо рафта, барои тайёр кардани шиносномаи намунаи нав маълумоти заруриро мегиранд”, – иброз дошт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, изҳори итминон шуд, ки агар ояндаи наздик тайёр кардани шиносномаи нав муяссар нашавад, барои нафақахӯрони дорои шиносномаи намунаи замони шӯравӣ ҳеҷ мушкилие пеш нахоҳад омад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, шумори нафақахӯрон дар Тоҷикистон ба аввали моҳи июн наздики 700 ҳазор нафарро ташкил дода, танҳо моҳи охир шумори нафақахӯрон дар кишвар 24 ҳазору 91 нафар ё худ 3,6% афзудааст.

Афзоиши шумори нфаақахӯрон дар шаҳри Душанбе ба миқдори 4,7%, ноҳияҳои тобеи марказ – 3,9%, вилояти Суғд – 3,6%, вилояти Хатлон – 3,4% ва ВМКБ – 1,8% ба қайд гирифта шудааст.

Маблағи пардохти нафақа ва кумакпулиҳо давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ бо назардошти бақия ба аввали сол (25,3 млн. сомонӣ) 932,1 млн. сомонӣ (98,8 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми нафақаи миёна дар ҷумҳурӣ – 308 сомонӣ (32 доллар тибқи қурби Бонки миллӣ)-ро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.