Ғарқшавии 40 нафар дар Тоҷикистон муддати 20 рӯз

Аз 1 то 21 июни соли равон бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар обанбору наҳр ва дарёву кӯлҳои Тоҷикистон 40 нафар ғарқ ва ба ҳалокат расиданд (ҳамин давраи соли гузашта – 69 нафар), ки аз ин шумор 21 нафарашон кӯдакони синни то 17-сола мебошанд. “Барои дарёфти ҷасадҳо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сафарбар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Аз 1 то 21 июни соли равон бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар обанбору наҳр ва дарёву кӯлҳои Тоҷикистон 40 нафар ғарқ ва ба ҳалокат расиданд (ҳамин давраи соли гузашта – 69 нафар), ки аз ин шумор 21 нафарашон кӯдакони синни то 17-сола мебошанд.

“Барои дарёфти ҷасадҳо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сафарбар шуданд. Ҳамаи ҷасадҳо дарёфту аз об берун оварда шуда, ба мақомоти дахлдор супурда шуданд, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи Кумита Умеда Юсуфӣ. – Дар ҷараёни назорату мушоҳидаи соҳилҳо аз 1 июн то имрӯз кормандони Кумита 12 нафарро аз гарқшавӣ наҷот доданд”.

Ӯ қайд кард, ки сабаби ғарқшавии кӯдакон оббозӣ дар минтақаи мамнуъ ба шиноварӣ, надоштани қобилияту малакаҳои шиноварӣ ва бепарвоии волидон аст, ки фарзандони худро назди обанбору наҳр ва кӯлу дарёҳо беназорат мегузоранд.

Мавсими обообозӣ дар Тоҷикистон аз 1 июн оғоз гардид. Маъмурияти шиногоҳҳо тамоми минтақаҳои шиновариро бо асбобу лавозимоти бехатарии зарурӣ таъмин карда, ҳамчунин баҳри таъмини бехатрии истиоҳаткунандагон кормандони Кумита шиногоҳу соҳилҳоро зери назорат қарор додаанд.

Бо вуҷуди аз ҷониби Кумита чандин маротиба огоҳӣ додан ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар об ва оббозӣ накардан дар минтақаи мамнуъ ба шиноварӣ, одамон ҳаёти худро зери хатар гузошта, қоидаҳоро нодида мегиранд.

Кумита ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки ҳангоми оббозӣ ва истироҳат дар манотиқи наздисоҳилӣ ба кӯдакон бештар таваҷҷуҳ намуда, онҳоро ҳаргиз беназорат нагузоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.